Торикравшани шинохт. Нигоҳе ба зиндаги ва масири эҷодии Баҳром Фирӯз

Previous Next

     Адиби шуҳратманди тоҷик марҳум Баҳром Фирӯз ҳаштодсола шуд. Агар умр барояш вафо мекард, ин шабу рӯз дар ҳама тантанаҳои ҷашнӣ ширкат ва суханронӣ мекард. Вале сад дареғ, ки адиби ширингуфторро марги бармаҳал хеле зуд аз миёни ҳаводорони осораш бурд. Ёдаш ба хайр!

 Пажӯҳиши анҷомдодаи адабиётшиноси шинохта Умар Сафар ахиран дар шакли китоб чоп шуд ва зери унвони “Торикравшани шинохт” ба дасти хонанда расид. Дар сарсухани академик М.Имомзода мехонем: “Маҷмӯаи ҳозир ба зиндагӣ ва масири эҷодии нависандаи номвари тоҷик  Баҳром Фирӯз ихтисос дорад. Аз зодрӯзи мубораки марҳум имрӯзҳо 80-сол мегузарад. Ба ин муносибат  дар саросари ҷумҳурӣ, дар муассисоти таълимӣ, коргоҳҳо, расонаҳои гурӯҳӣ, маҳфилҳои ҷашнӣ, мусоҳибаву гуфтугӯҳо баргузор мегардад, намунаи осораш дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасанд. Мардуми тоҷик хотираи ин бузургмарди адаби муосири моро гиромӣ медоранд. Мардуме, ки ҳамеша посдори сухани баланду суханварони номӣ буда. Худ шодравон Баҳром Фирӯз дар мақолае изҳор намуда буд, ки «истеъдод ҳеҷ гоҳе пинҳон намемонад», мисли як гул атру бӯйи хеш мепароканад. Баҳром Фирӯз намояндаи наслест, ки даҳаи шастуми асри гузашта вориди майдони адабиёт гардид ва бо нерӯву тавон, истеъдоду нубуғ ва зеҳнияте, ки дошт таҳаввуле чашмгир дар бастари адабиёти имрӯз ба бор овард. Мазкур бо шеър гом ба марзи адабиёт гузошт ва нахустин дафтарҳои офаридаи ва низ фарогири шеър  буданд, ки суҳбат атрофии ашъораш  замони дигареро мехоҳад.

  Дар ин пешгуфтор зарур медонем ба чанд нукта ишора намоем. Дар адабиётшиносӣ  маълум аст, ки дар марҳилаи муайяне аз зиндагии адибон  ё пас аз даргузашти эшон зимни чопи офаридаҳояшон барои шинохти амиқи шахсияту рӯзгори онон аз ҷониби хонандагон зиндагиномаи онҳоро таълифу танзим менамоянд. Вуҷуди зиндагиномаҳо чи кутоҳу чи комил дар шинохти чигунагии ҷодаи эҷодии нависанда, гоҳо дарку тасаввури дурусти дарунмояҳои осораш, шеваи зиндагиаш  ва марҳилаҳои таҳаввули фикриву ақидавиаш бисёр корсоз аст. Зиндагиномаи мавсуф низ агар иштибоҳ нашавад дар остонаи 70 -солагиаш навишта шуда буд ва матни комили онро дар сомонаи интернетӣ метавон пайдо намуд...”

“Торикравшани шинохт” ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло он барои хоҳишмандон дастрас аст.

Фирӯза Мамадҷонова 

http://www.kmt.tj/torikravshani-shinoht-nigokhe-ba-zindagi-va-masiri-echodii-bakhrom-firuz?fbclid=IwAR06wOYeW8b5gEw-K0mFoa9mc-N0fMxBpc2hd4F1dNOdMDbJJnHIHTu-QV4