Махфили адабӣ дар ДМТ бахшида ба 80-солагии Баҳром Фирӯз

Previous Next

   Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 80-солагии нависандаи маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи С.Айнӣ устод Баҳром Фирӯз бо ширкати адибон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёну рӯзноманигорон маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Солҳои шастуми асри бист дар таърихи адабиёти тоҷик марҳилаи тозае ба ҳисоб меравад. Дар ин давра як зумра адибони тоҷик ба майдони назму наср омаданд, ки баъдан тавонистанд таҳаввули бунёдӣ дар шеъру насрро ба вуҷуд оваранд. Нависанда, шоир ва мунаққиди номвари тоҷик Баҳром Фирӯз низ шомили онҳост, зикр шуд дар маҳфили адабӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Баҳром Фирӯз дар шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Дар ин маҳфил адабиётшиносон зикр намуданд, ки Баҳром Фирӯз давоми даҳ сол фақат дар майдони назм маҳораташро нишон дода, нахустин маҷмуаи ашъораш дар соли 1967 ба чоп расида ӯро хеле зуд ба авҷи шӯҳрат расонида аст, вале баъдан ба наср рӯ овардаст.
“Чаро маҳз ба наср рӯ овард?” – мегӯяд профессори донишгоҳ Умар Сафар – “ба таври умум ин аст, ки зиндагиро метавон бо шеър тасвир кард, аммо бо шеър наметавон тамоми гӯшаҳои онро тасвир кард, замонро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир кард ва ин ниёзи замон буд, мегуфт худи нависанда. Ӯ дар тули ду даҳсола осори зиёди пешкаши мо, мардуми тоҷик, ҳаводорони адабиёт намуд”
Маҳбубияти нахустин ҳикоя ва тавфиқ дар таҷрибаи нигориши аввалини осори мансурӣ сабаб шуд, ки насри шоири ҷавон таваҷҷўҳи адибони маъруфу мунаққидони нуқтасанҷ, аз қабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммадҷон Шакуриро ба худ кашид.
Нависанда Мирзо Саидов дар маҳфил суханронӣ карда таъкид намуд, ки оид ба осори адабии Баҳром Фирӯз гуфтаҳо хеле бисёр аст ва аз таърихи шиносоӣ ва ҳамкориҳояш шоир ёдовар шуда, нуктҷасанҷӣ, борибинӣ ва амиқназарии ин адибро мушаххас намуд.
Ҳамчунин, дар ин нишаст маърӯзаҳои устодони бахши филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба нақш ва фаъолиятҳои адабии нависанда Баҳром Фирӯз суханронӣ шуда, аз арзиши адабӣ таъкид намуда аз хизматҳои шоёни ӯ ҳарф заданд.
Донишҷӯён аз шеъру рубоиёти шоир қироат карданду сурудаҳо сароиданд ва порчае аз романи “Ғафлатзадагон”-и нависанда хонда шуд.
Баҳром Фирўз мафтуни зебоиҳо ва сиру рози табиат буда зиндагиро бидуни ишқ ба он тасаввурнопазир мешуморид.
Баҳроми Фирўз ба масоили мубрами он рӯзи ҷомеа бетараф набуд, назари хоса дошт ва бо силоҳи худ – қалам – мақолаю нигоштаҳои мухталиф алайҳи ислоҳотталабони кўтоҳназар, мансабталошону маҳалгароён муборизаи беамон мебурд, халқро ба ваҳдату ақли солим даъват мекард.
Дар маҳфили адабӣ ба дигар паҳлуҳои адабии нависанда – мунаққидиву мутарҷимиаш ибрози назар шуда аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд карданд. Дар маҳфил дӯстону пайвандони нависанда ширкат намуда хотираҳояшонро варақгардон карданд.