Саида Бобоева: “Баҳром Фирӯз китобҳояшро ба Хуҷанд интиқол дод”

Previous Next

     Баҳром Фирӯз. Ин ном ба ҷавонии чанд насли китобхони тоҷик тавъам мебошад, зеро қиссаи “Рухсора”и адибмалҳам ба ишқи ҷонсӯзи ҷавонон аст. Намедонам чаро, вале ҳамеша гумон мекунам, ки муаллифи “Агар вай мард мебуд” марди ҳақиқӣ, нармдил ва дар баробари ин босалобату бовиқор аст… Кӯдакии муаллифи “Бобо” хеле ҷолиб паси сар шуда, соҳиби шеъри “Соя” шоири дарёдилест…

…Агар Баҳром Фирӯз, ки чанд рӯз баъд 80–солагии ӯро қайд мекунем, зинда мебуд, ин фикрҳоро бо эшон ба миён мегузоштем ва дар мавриди эҷодиёташ суолҳои зиёде мекардем… Вале афсӯс, ки соли 1994 риштаи умри адиб дар синни 54– солагӣ, дар айни авҷи камолоти эҷодӣ ногаҳон канда шуд…

Чӣ иттифоқе ба нависандаи маҳбуб рух дод? Чаро ӯ тарки Душанбе кард ва дар Хуҷанд ҷон дод? Баҳром Фирӯз чӣ гуна инсон буд? Чӣ тавр эҷод мекард? Даҳҳо суоли дигар, ки посухашро имрӯз фақат ҳамдаму ҳамрози нависанда муаллима Саида Бобоева медонанд… 

–Нахустин вохӯриии худро бо Баҳром Фирӯз ба хотир доред? мепурсам аз муаллима.

Пиёлаи чойро ба ман дароз карда, ба андеша фурӯ меравад… сафҳаҳои умри бигзаштаро варақгардон намуда, дар умқи чашмонаш гоҳе андуҳ, гоҳе хурсандӣ ҳувайдо мегардад ва бо садои паст – “бале”– гӯён сар меҷунбонад ва интизории маро дида, гулӯ рӯшан мекунаду шурӯъ мекунад ба нақли умри бигзашта…

– Вақте ба Институти педагогии Хуҷанд қабул шудам роҳбари курсамон Баҳром Бобоевич таъин шуданд. Бори аввал эшонро ҳамон ҷо дидам. Дере нагузашта моро ба пахтачинӣ бурданд, то ин вақт ман боре аз Хуҷанд берун нарафта будам. Хуҷандро медонед, он ҷо қоидаҳои зиндагӣ ва духтартарбиякунӣ фарқ мекунад ва хеле душвор ҳам ҳаст. Бинобар ин, падару модарам маро ба яке аз муаллимаҳо, ки ҳамсояамон буданд, вобаста карданд. Худи ман ҳам нозукак, беҷуръат ва шармгин будам, бинобар ин, аз ҳамон муаллима ҷудо намешудам, то ки гапи зиёдатӣ нашавад. Ба нишасту консерту сӯҳбатҳо намерафтам. Ана, дар ҳамин ҷо Баҳром маро таги чашм кард, вале боре ҳам ба ман муроҷиат накарда, ба касе сир бой надодаанд. Дар ҳамон шабу рӯз як нафар аз курсамон мегӯяд, ки мехоҳад ба ман оиладор шавад, ки Баҳром ӯро ҷеғ зада, огоҳ мекунанд: “Ба ин духтар кордор намешавӣ…”.

…Баъди имтиҳон Баҳром ба ман гуфтанд: “Раҷабова як панҷ дақиқа ба шумо кор дорам” ва маро ба гӯшае бурда, дар бораи падару модарам, хешу таборам пурсиданд. Ман дар ҳайрат ба суолҳои муаллим посух додам. Он кас гуфтанд: “Шумо фикри бад накунед, ман мехоҳам бо шумо оиладор шавам…” Ҳамин тавр, мо хонадор шудем…

–Муаллим самарқандӣ, шумо хуҷандӣ

–Мақсадатонро фаҳмидам… Бинобар ин, розӣ шудани падарам бисёр ҳам кашол ёфт, аммо бо кӯшиши устодон Раҳим Ҷалил ва Ҳоҷӣ Содиқ ин кор ҳал шуд…

–Баҳром Фирӯз чӣ гуна инсон буданд?

–Гуфтанӣ зиёд дорам, ҳамаро наметавонам гуфт… Инсони хоксор, покизарӯзгор, худро пурра ба оила бахшида… Ман ягон маротиба аз забони Баҳром ҳарфи зишт нашунидаам ё беэҳтиромӣ надидаам. Мо хонаҳои бодабдаба, мебелҳои қимат ҳам надоштем, он замон чунин чизҳо ҳам набуд, аммо зиндагии хубу хушҳолона доштем. Хешу табори ҳамдигарро тақсимбандӣ намекардем. Додарони Баҳром, падару модарашон, падару модари ман меомаданд, мо дар як хонаи дуҳуҷраӣ, онҳоро истиқбол мегирифтем. Баъди хонадоршавӣ Худованд моро ба фарзанд лоиқ дид. Зиндагимон хеле хушбахтона буд…

–Вақте ба Душанбе кӯчида омадед, эшон бо кӣ дӯстӣ доштанд?

–Бо дӯстони ҳамсабақашон – Раҳмат Давлатов, Расул Шарифов ва шогирдашон Пайванди Гулмуродзода рафоқат доштанд. Бо нависандагону шоирони ҳамсолашон низ муносибати гарми дӯстона доштанд. Бо музди китоби аввалинашон мо дар “Ҳаёти нав” як ҳавлича харидем. Рӯзҳои таътилӣ акои Лоиқ ва дигар адибон меомаданд, истироҳату сӯҳбатҳо доштанд. Яъне, Душанбе эшонро зуд ва хуб пазируфт. Гарчанде барои якқавлу якрӯ буданашон зарбаҳо медиданд, ва инро ман дарк мекардам. Ростгӯии эшон ба баъзеҳо маъқул набуд, аммо Баҳромро бад намедиданд…

–Шумо филолог ҳастед, бинобар ин дунёи эҷодкор бароятон бегона нест. Чаро Баҳром Фирӯз аз назм ба наср рӯ оварданд?

–Шояд ба Сардафтари адабиёти муосирамон устод Садриддин Айнӣ, ки қолаби назм тангӣ кард, ба наср рӯ овардам гуфта буданд, пайравӣ карданд, вале Баҳром низ мехостанд масъалаҳои ҳаётро бештар фаро гиранд, ҷузъиёти зиндагиро комилтар нишон диҳанд, бинобар ин, ба наср даст заданд. Ва муваффақ низ шуданд, чун нахустин ҳикояи эшон “Бобо” зуд маъруф шуд. Боре хурсандона аз дар даромада гуфтанд: “Бачаҳо, бингаред, “боботон” дар Чехославакия”. Ҳайрон шудем. Гуфтанд, ки аз рӯйи ҳикояи “Бобо” телевизиони Чехославакия новелла ба навор гирифтааст. Ин ҳикояро Иржи Бечка тарҷума карда, бобати он дар яке аз рӯзномаҳо ҳам гузориш навишта буд ва он рӯзномаро ба Баҳром фиристода, хабар расонидааст. Аммо Баҳром то охир шеър ҳам гуфтанд. Дар ҳамон замони душвор шеъри “Соя”- ашонро яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Эрон ба нашр расонида буд, ки он ҳам дар он давр воқеънопазир буд ва шеъри “Модар”- ашон соҳиби ҷоизаи махсуси рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” шуда буд.

–Устодони адабиёт ба Баҳром чӣ гуна муносибат доштанд?

–Муносибаташон хеле хуб буд. Устод Миршакар “Мулло Баҳром” гуфта телефон мекарданд. Сотим Улуғзода бо Баҳром робитаи хуб доштанд. Устод Улуғзода дар пушти беморхонаи Қарияи Боло дар котеджҳои нависандагон зиндагӣ мекарданд. Мо бошем, дар ҳамин сехонагии нависандагон. Вақте устод Улуғзода калонсол шуданд, ба Баҳром пешниҳод мекунанд, ки хонаҳоро иваз кунем. “Ман пир шудам ва нигоҳубини ин ҳавлӣ ба ман душвор аст. Сехонагии ту дар ошёни якум ва ҳам дар маркази шаҳр, ки ба ман мувофиқ аст” – мегӯянд. Баҳром ваъда медиҳад, ки бо ман машварат карда, посухашро ба устод мегӯяд, аммо ман розӣ нашудам, зеро нахустин фарзанди ман дар синни 8-солагӣ дар Қарияи Боло ҷон дод ва наметавонистам, ки дар он маҳалла иқомат кунам…

–Кори эҷодии Баҳром Фирӯз чӣ тавр сурат мегирифт?

–То аз сари кор Баҳром намеомаданд, мо, фарзандон, сари дастархон наменишастем. Ин одати хонаводаи моро ҳатто ҳамаи ҳамсояҳо медонистанд. Дар сохтмони мо дар хонаи мо ва акаи Ӯрун Кӯҳзод низ чунин қоида буд. Замони расидани Баҳром мо гирди дастархон ҷамъ шуда, хӯрок мехӯрдем. Аз сари миз баланд нашуда, он кас бачаҳоро аз дарсашон, корҳояшон мепурсиданд. Агар дар омузишашон мушкилӣ дошта бошанду аз ман кумак хоҳанд: — “Бе ин ҳам модаратон аз дарс хаста шуда омадагӣ” – мегуфтанд ва худашон ба онҳо кумак мекарданд. Каме истироҳат карда, сари мизи корӣ менишастанд. Замони эҷодиашон ман сайъ мекардам, ки ба он кас халал ҳеч чизе ё касе халал нарасонад. Субҳи зуд ҳам сари миз менишастанду эҷод мекарданд… Вақти кори эҷодиашон ҳар гуна ҳолатҳо рух медод… Боре он кас менавиштанду, хоби ман бурда буд. Якбора як мушт ба миз заданду ман як қад парида, бедор шудам ва сабаб пурсидам. Ҳикояи “Ғӯрамарг”–ро навиштам, гуфтанд ва чашмашон хис буд…

–Барои чӣ ба Хуҷанд кӯчидед?

–Мо накӯчидаем. Ман ҳамеша ин ҷо зиндагӣ кардам. Солҳои 1992–1993 вазъият дар шаҳр хеле бад шуд. Бисёриҳо хостанд, ки Баҳромро ба гурӯҳҳо ҳамроҳ кунанд. Ҳатто баъзе нависандаҳо талқин мекарданд, ки тарафи фалониҳоро гирифта мақола нависад, ва агар ҷонибдорӣ накунанд, ба ҳар гуна иттиҳом гирифтор мекунанд. Он кас хеле ҳассос буданд, ба ин бесару бесомониҳо, қатлу ғорат, вайрониву азияти мардум нигариста наметавонистанд. Бинобар ин, Баҳром фарзандҳоро гирифта муваққатан ба Хуҷанд рафтанд. Дар Хуҷанд муваққатан кор карданд ва ибтикори нашри маҷаллаи “Сайҳун” шуданд… Он кас асосан китобҳояшонро интиқол доданд, зеро нигарон буданд, ки китобҳоро метавон нобуд кард… Ҳамагӣ як сол зиндагӣ карданду ин воқеаи нохуш сар зад…

–Китобхонаи эшон ҳоло ҳам мавҷуд аст?

–Бале, дар хонаи писарам Ифтихорҷон, ки 11 сола аз падар монд ва ҳоло дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад.

Фарзандони Баҳром Фирӯз чӣ кору рӯзгор доранд?

–Искандари Фирӯз рӯзноманигор, хабарнигори “Озодӣ” аст. Парвонаи Фирӯз мухбири Би–би–си дар Хуҷанд буд, ҳоло дар Финландия зиндагӣ мекунад. Духтари хурдиам Марворид факултаи иқтисоди ДМТ–ро тамом кард, номзади илмҳои иқтисод аст. Ифтихорҷон дар Хуҷанд дар як ташкилот кор мекунад. Аз Баҳром ба ман фарзандони солеҳ, хушахлоқ ва сарбаланд монд… Шукр, ҳоло ҳама соҳиби хонаву дар ҳастанд ва набераҳои гулрӯро ҳадяам кардаанд.

–Рӯзи марги Баҳром Фирӯз шумо дар барашон будед?

–Бале. Қудоямон тӯй доштанду ман ҳам ба Хуҷанд рафта будам… ва ин мусибат баъди тӯй рух дод.

–Эшон қаблан бемор буданд?

–Не… Аммо аз ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз он ки ҳама чиз ба ҳам печида буд, дар азият буданд. Сарашонро дудаста дошта: “Чӣ хел? Ин чӣ ҳамоқат? Наход тоҷик тоҷикро кушад?” - гӯён асабӣ мешуданд. Ҳар гоҳ назди тиреза меомаданду садои “Зинда бод…”, “Нест бод…”, “Фалониро парронидан лозим” мешуниданд, мисле ки мариз мешуданд… Ин ҳама ба қалбашон асар кард… Як рӯз пеш аз маргашон бо дӯстонашон моҳидорӣ рафта заврақ меронанд. Субҳи дигар мағоза ҳам рафта омаданд. Баъдан бояд ҷое мерафтем. Ман бо набераам дар поён, назди мошин интизор шудем. 5, 10, 15 дақиқа гузашту ҳеч не, ки аз ошёнаи сеюм поён биёянд. Парешон шуда ба хона баргаштам, ки аллакай зери забонашон дору гузошта дароз кашида аҳволашон бад шуда истода буд. Зуд духтур ҷеғ задем, ёрии таъҷилӣ ҳам омад, аммо наҷот дода натавонист. Дар байни 15 дақиқа Баҳромро аз даст додем…

–Чаро ҷанозаи эшонро ба Душанбе наовардед?

–Аз Иттифоқи нависандагон пешниҳод карданд, аммо ман розӣ нашудам. Баҳром Хуҷандро дӯст медоштанд, фаъолиятро аз он ҷо сар карданд, он ҷо шинос шуда оиладор шудем ва ҳамон ҷо фавтиданд…

–Чӣ тавр марги инсони бароятон азизро таҳаммул кардед?

– Марги наздикатро ҳеч вақт намешавад фаромуш кард, он як ҷузви зиндагӣ мешавад, бояд бо он канор омад, сабр кард ва шукри зиндагонро кард... Медонед, маро кор наҷот медод. Ман 51 сол аст, ки дар як мактаб фаъолият мекунам ва дар ҳамон лаҳзаҳои душвор низ ин шуғл маро ба доми худ каме соат бошад ҳам, фуру мегирифт, кушиш мекардам, ки замони танҳоӣ маро ба коми худ накашад.

Ҳоло Хуҷанд меравед?

–Бале, зуд–зуд.

Ҳамасаратонро дар хоб мебинед?

–Бале, аммо дер–дер. Баъзан мошинро назди гараж монда мегӯянд: “Искандарро гӯй, харидҳоро хона дарорад…” Ба худ меандешам, ки эшон то ҳол дар фикри фарзандону ҳастанду ба мо кумак мекунанд…

–Ба ҷашни 80–солагии нависанда чӣ омодагиҳо ҳаст?

–Ду китобашон романи “Ғафлатзадагон” ва мунтахаби ҳикояҳо “Пеш аз арӯсӣ”-ро фарзандон бознашр карданд. Бо тавсияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нашриёти “Адиб” китоби ҳикояҳо бо номи “Чӣ сон аълохон шудам” ва Вазорати фарҳанг ҳам китобчаи “Бобо”–ро интишор мекунанд. Профессори ДМТ Умар Сафар ҳам мақолаҳои хешро дар бораи эҷодиёти Баҳром Фирӯз бо як силсила ҳикояву шеърҳо зери як мусаввадаи “Торикравшани шинохт” ҷамъ кардааст, ки то ёдбуд ба дасти хонанда хоҳад расид… Дар китобхонаи М.Миршакар, ИНТ, ДМТ, телевизиону радио ҳам силсилаи конфоронсу барномаҳо барномарезӣ шудаанд, то барои дӯстдорони каломаш аз эҷодиёти нависанда баҳраманд гарданд.

 

Мусоҳиб Одил Нозир