Рӯнамоии сомонаи расмии нависанда Баҳром Фирӯз

Previous Next

  Ба ифтихори 80-солагии нависанда, шоир, мунаққид Баҳром Фирӯз пайвандонаш сомонаи адибро ба  сурати дигар роҳандозӣ кардаанд. Ният доранд кулли осори адиби номвар, нигоштаҳои ҳамқаламону устодону шогирдон, нақди осорашро дар ин сомона ҷой диҳанд.  Ин сомонаи тозатаъсис марбут сирфан ба масоили адабӣ  буда, бо нишонии www.firuz.tj дар паҳноии интернет қобили дарёфт аст.

  Боздидкунандагон дар ин саҳифа метавонанд бо шеъру сурудаҳо,ҳикояву достонҳо, очерку мақолаҳо ва пахши куллии маҷмӯаи осори адиб, ки дар бедории рӯҳӣ  ва маънавиёти иҷтимоии мардуми тоҷик аз масири омӯзиш ва тарбияи насли китобхону фарҳангдӯст саҳмгузор буд ва ҳаст, бо шунидани наворҳо аз мусоҳибаҳо, нишастҳои адабӣ , конфроннсҳои илмӣ -таҳқиқотӣ , бо шиносоии адабиёту фарҳанги муосир дар шакли Woқd, PDF ва AUDIO (савтӣ ) ва видео шиносо гарданд ва маводҳои дилхоҳашонро барои худ кашида гиранд.

  Дар ҳоли ҳозир бештари таълифоти нависанда, ки то имрӯз дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳо нашр шудааст, дар шакли электронӣ  дар сомона ҷой дода шудаанд ва ё дар ҳоли омодаи нашранд. Вале баъзе навиштаҳо ва мақолоте, ки дар бойгонии нависанда маҳфуз буданд, онҳо низ дар ояндаи наздик дар ин сомона интишор хоҳанд гашт.

  Ин саҳифа тавре бунёд гаштааст, ки хонандагон метавонанд ба куллӣ  аз ҳамаи маводҳои бахшҳои мавҷуда аз қабили «Асосӣ », «Зиндагинома», «Китобҳо», «Интишорот», аксҳо, назарҳо, филмҳо, мусиқӣ  истифода намоянд.

 Бахши «Китобҳо» – бахши хеле муҳим аст, ҳудуди беш аз сӣ  китобро доро буда, хонандагон барои дастраси васеътар бештари онҳоро метавонанд аз сомона кашида бигиранд ва дар дастгоҳҳои худ нигаҳ дошта баъдан бидуни интернет мутолиа намоянд.

  Ҳамчунин канали тахассусии нависанда дар Youtube: Баҳром Фирӯз ва дар шабакаи иҷтимоии FACEBOOK: bahrom furuz фаъол аст, ки аз он ҳам ҳаводорони эҷодиёти нависанда метавонанд истифода баранд.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

Шуъбаи адабиёт доир ба

фарҳанг ва ҳунар.

 

http://www.kmt.tj/runamoii-somonai-rasmii-navisanda-bakhrom-firuz?fbclid=IwAR1nRxlfmq7IlWjjqMa47KTJYEtc0Mc-GK3r6nb_tPIDzVmF18SZM1cMRNI