Туҳфа РАСУЛӢ: "ЁДИ ҲАМКОР"

Previous Next

     Дарвозаи ҳавлии мо, дар шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯйи мактаби рақами 53-и ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова кушода мешавад. Ҳар субҳ чун ба ин кӯча мебароям, зани миёнақади кушодачеҳраеро мебинам, ки ҷузвдон дар даст шитобон сӯйи мактаб меояд. Ин зан Саиданисо Бобоева, завҷаи азизу бовафои нависандаи маҳбуби мо Баҳром Фирӯз мебошад. Чун рӯ ба рӯ меоем, салому пурсу поси кӯтоҳе намуда, роҳашро давом медиҳад, то аз дарс дер намонад. Аммо пас аз фориғ шудани дарсгӯӣ, тарафи бегоҳ, чун рӯ ба рӯ мешавем, дуру дароз суҳбат мекунем. Аз навигариҳои мактаб, аз пешравиҳои шогирдон, аз аҳли байт ва ҳоказо.
Ман шиносоиамро бо нависанда Баҳром Фирӯз нағз дар хотир дорам. Дар нашриёти “Ирфон” адои вазифа мекардам. Боре мудири шӯъбаамон, нависандаи хушсалиқа, шодравон Ҷумъа Одина маро ба утоқи кориашон даъват карданд. Дар наздашон ҷавонмарди базебу чусту чолоке бо табассуми малеҳ бо ман вохӯрӣ намуд. Ман аз ин пештар номи Баҳром Фирӯзро шунида бошам ҳам худашро надида будам. Ҷумъа Одина моро шинос карданд.
-Тӯҳфахон, ин кас нависандаи ҷӯянда ва бомаҳорат Баҳром Фирӯз мебошанд. Дастнависи қиссаи “Рухсора” -ашон чанд муддат дар нашриёт хобидааст. Онро бояд ба дасти чоп диҳем. Ҳама муҳаррирон банд. Агар розӣ бошед, ҳаминро гирифта мехонед ва ба чоп омода менамоед. Онро таҳрир кардан шарт нест. Худаш пухта ва бе хато гуфтан мумкин. Як бор мехонед, то ин ки баъзе хатоиҳои имлоӣ нагузашта бошад.
Рости гап, бовар кардану дастнависро ба ман додани мудир маро хеле шод намуд. Ва каме андеша карда гуфтам:
- Агар муаллиф розӣ бошанд, майлаш.
Ҳамин хел шиносоии ман бо нависанда Баҳром Фирӯз оғоз ва минбаъд бо тақозои вақт густариш ёфт. Ҳамчунин бо завҷаи азизаш аз наздик шинос гардидам. Зеро ба фарзандони ман ва наберагонам дар мактаби рақами 53 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт.
Ба хусус ҳангоми таъсис ёфтани нашриёти адабиёти бадеӣ “Адиб” Баҳром Фирӯз чанд муддат мудирии бахши адабиёти бадеии тоҷикро сарварӣ карданд. Азбаски утоқҳои корӣ кам буд, мудир ҳамроҳи муҳаррирони шӯъба дар якҷо фаъолият мебурданд. Дар утоқи кории мо мудир Баҳром Фирӯз, муҳаррири собиқадору таҷрибадида Маҳбуба Сироҷева ва банда бо кори таҳриру ба чоп омода намудани дастнависҳо машғул будем.
Ба хотир меорам, ки ҳар субҳи кории мо ба таври хоса оғоз мегардид. Мо, ҳамкорон, пеш аз оғози кор бо ҳам каме аз навигариҳои идораю ҷумҳурӣ, оламу тарзи солими зиндагӣ суҳбатҳои кӯтоҳи муфид мекардем. Кадом китобҳоро, кадом маҷаллаю рӯзномаҳро мутолиа кардем. Чӣ навигариҳоро шунидему дидем. Бештар Баҳром Фирӯз дар бораи табиат, гиёҳҳои шифобахш, ба занбӯри асалпарварӣ машғул шуданашон суханҳои диққатҷалбкунанда мегуфтанд.
Боре, ҳангоми суҳбат, дар бораи як гиёҳи шифобахш, тарзи истифода ва фоидаи он бо шавқ мегуфтанд. Ман ба он кас чун гуфтам:
- Муаллим, Шумо чунон суханронӣ доред, ки кас гумон мекунад бо истифода бурдани он гӯё умри одамӣ дароз мешавад.
Баҳром Фирӯз бо завқ хандиданду гуфтанд:
- Туҳфахон, ин гуна гиёҳҳо умри касро дароз намекунанд. Умри аз азал додаи Офаридгорро мебинед. Аммо фоидаи ин гуна гиёҳҳо ҳамин аст, ки то умратон боқист, сиҳатиатон барҷо мемонад.
Ҳоло дар бораи шодравон Баҳром Фирӯз андешида ба хулосае меоям, ки он кас ҳаёти солим гузаронда, солим ин дунёро падруд гуфтанд. Аз рӯйи гуфтаҳои завҷаашон беозор ҷон ба Ҷаббор супурдаанд. Зебо мурданро ҳам Худо ба ҳар кас насиб намекунад. Рӯҳашон шоду ҷояшон ҷаннатулмаъво шуда бошад.
Он кас аз худ оилаи намунавӣ, фарзандони лоиқи тавсифу таъриф, шогирдони бовафо, китобу навиштаҷоти манфиатовар, ёдҳои беҳтарин дар хотираҳои ёру дӯстонашон гузоштаанд.

Туҳфа РАСУЛӢ
рӯзноманигор