Мирзо Насриддин: "ДАРСИ ВАФОДОРӢ"

Previous Next

     Мо, донишҷӯёни солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, асарҳои нависандаи маҳбуб Баҳром Фирӯзро бо ҳавас мехондем. Ин бор, баъди чиҳил сол, хотираҳои муаллимаи гимназияи ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи шаҳри Душанбе (собиқ мактаби миёнаи № 53) Саида Бобоеваро, ки журналист ва нависандаи пуркор Латофат Кенҷаева бо номи “ТАРОНАҲО БО ОЛИҲАИ ВАФО” китобат кардааст, бо ҳаваси бештар хондам. Чунки он андешаву хулосаҳои аз баландии ҳафтод соли умр ба қалам омадаи муаллимаро оид ба як оилаи пешқадами замони мо дар бар мегирад. Китобро хонда, ба фикре меоӣ: “Муҳаббату вафодории чунин занҳост, ки мардҳо шоир, олим, сиёсатмадор, маорифпарвар мешаванд ва баҳри ватан ҷон нисор мекунанд”.
Вақти мутолиаи китоб фазои хонадоне, ки он ҷо муҳаббату саодати зиндагиро эҳсос мекардӣ, сухан аз китобу китобхонӣ буд, пеши назар ҷилвагар мешавад.
Муаллима ба ёд меорад: “Рӯзе набуд, ки омӯзиши фарзандон бе назорати падар гузашта бошад. Баҳром ҳатман аз ҳар яке пурсон мешуданд, ки имрӯз чи китоб хондӣ. Ба таъкид мегуфтанд: “Инсоне, ки решаи умраш аз фарҳангу адабу илм об мехӯрад, инсони хуб ба камол мерасад”.
Қиссаву ҳикояҳои Баҳром Фирӯз ҳама аз таҷриба, аз зиндагӣ рӯйи коғаз омада, бо содагии ҷавонӣ навишта шудаанд. Дар қиссаи “Рухсора” лаҳзаест: Аз ҷониби қаҳрамони асар Вафо хатое содир шуду дар маҷлис ӯро муҳокима карда, “танбеҳ” эълон намуданд.
Рухсора дӯстдоштааш Вафоро, ки то ин дам дар долонҳо ё гӯшаи ҳавлии донишгоҳ вохӯрда, дақиқае ҳамгап мешуданд ва дарҳол мегурехт, танбеҳ гирифтани Вафоро шунида, ӯро кофта меёбад.
“- Шуморо чанд рӯз надида, хаёлам ба ҳазор кӯй рафт, - мегӯяд Рухсора. - Ба деҳа рафтам, он ҷо ҳам ба дилам ҳеҷ чиз намегунҷид. Модарам кати ҷанг кардам. Хонангиҳомон ҳайрон шуданд.
-Ҷанг кардед? Барои чӣ?
-Барои чӣ? Барои шумо. Гуфтам, чӣ ин қадар бечораро гаранг мекунед. “Бухчаатро гиру рав, дафъи муъминон шав!” гуфтанд, модарам”.
Ин сухани содаи духтар баёнгари ишқи сӯзон ва беохираш буд. Чунин духтарон барои ҷавони дӯстдоштаашон ҳаёташонро фидо мекунанд, дасташро гирифта, ба осмонҳо мебаранд.
Апаи Саиданисо аз чунин занҳост. Хотираҳои ӯ ҳам шодиангез ва ҳам ғамангезанд. Муаллими ҷавон Баҳром духтари зебо ва пурғурури хуҷандиро дӯст медорад. Моҷарои хостгорӣ як сол давом мекунад. Модар ду пойро дар як мӯза ҷой карда мегуфт, ки “духтари ба каси бегона медода надорам”. Субҳе, ки духтар зодрӯз дошт, модар дар таги дарвоза даста-даста гулҳоро дида, кори кӣ буданашро пай мебарад ва ҳамзамон дарк мекунад, ки дигар пеши ин дарёи пурталотуми ишқро доштан наметавонад. Аз алам ва нотавонӣ ба духтар ситезаманд мешавад:
“-Ин чӣ гап?
Духтар бо ашки шашқатор ҷавоб медиҳад:
-Ин кори ҳамон муаллим будагист.
Духтар фақат баъд аз фотиҳа ба дӯстдоштааш барои нахустин мулоқот розигӣ медиҳад”.
Он лаҳза дар шеъри “Мулоқоти нахустин” ба чунин зебоӣ оварда шудааст.

На фикре аз канору бӯса моро,
На биншастем бо ҳам дӯш бар дӯш.
Зи дасти якдигар гирем гоҳо,
Хиҷил аз кори худ мондем хомӯш.

Зиндагӣ бо духтари дӯстдошта Баҳроми шоирро шоиртар кард. Китобҳояш пасиҳам чоп мешуданд: “Розҳои маҳтобшаб”, “Силсила”, “Тафти дил”. Ин китобҳо ҳама аз сурудаҳои давраи ҷавонии пур аз розу ҳавасҳои адибанд. Афсӯс, ки қисмати дуввуми романи “ҒАФЛАТЗАДАГОН” нотамом монд, марг дар синни 55-солагӣ нависандаро аз байни мо бурд.
Он рӯзҳо апаи Саиданисо дарахти оташгирифтаро мемонд. Аммо зиндагӣ қонунҳои сангини худро дорад. Бояд фарзандонро саробонӣ кардаю ба роҳ монд.
Баъдтар фарзанди калони оила Искандар ба садамаи автомобилӣ дучор шуда, дар ҳуҷраи эҳёгарӣ беҳуш мехобид. Он рӯз модар ҳоли зоре дошт. Гоҳ ба даргоҳи Худо нола мекард, гоҳ бо духтурон дар ҷанг мешуд ва ба ҷайбашон пул ниҳода, гирён-гирён мегуфт: “Писарам, ман модарам, ба ҳолам раҳм кун, сӯзандоруятро гузарон”.
Баъди 21 рӯзи беҳушии фарзанд модар ӯро аз коми марг кашида гирифт ва ба пой монд.
Бузурге дар ҳаққи чунин модарон гуфтааст:

Набуд ӯ зан, ки марди маънавӣ буд,
Саҳаргоҳон дуои ӯ қавӣ буд.
Аҷиб оҳи саҳаргоҳе-ш будӣ,
Зи ҳар оҳе ба Ҳақ роҳе-ш будӣ.

Оре, ҳамаи ин базму разму сӯхтану сохтанҳоро ном зиндагӣ аст.
Муаллима ёдовар мешавад: “Соли 1969 аввалин маротиба ба мактаб ба кор омадаму эҳсоси хоссе маро фаро гирифт. Ҳамарӯза зинаҳоро баромада, ба макони дӯстдоштаам - утоқи дарсӣ ворид мешавам. Баробари боз кардани дари синфхона ба нигоҳи даҳҳо чашмони дурахшанда, кунҷкобу меҳрубон хира мешавам. Дар иваз ман ҳам муштоқи ин дидор ҳастам. Онҳо аз ман интизориҳо доранд ва ман ҳам саъй мекунам, ки ноумед насозамашон”.
Бале, шахсе, ки таълими авлодӣ дорад, дониши замонавиро фаро гирифтааст, нисбат ба фарзанди касон, ки бовар карда, ба ӯ супурдаанд, ҷавобгарӣ ҳис менамояд. Масъулияти дар назди ватан, миллат ва оянда доштаи худро дарк мекунад ва тамоми неруяшро барои касби шарафмандонааш - тарбиятгари насли ҷавон сарф месозад.
Саида Бобоева мегӯяд: “Дар мактаби мо муаллимони зиёд буданд, ки ҳаргиз соатро нигоҳ намекарданд, доим вақт барояшон кам буд. Соатҳои зиёдашонро сарфи дарсҳои иловагӣ ва дигар барномаҳо мекарданд. Мехостанд, ки ҳамаро тарбияту парвариш диҳанд, бафарҳанг созанд”.
Оре, чунин буд, ки бештари мардумон роҳи маърифатро пеш гирифтанд, китобхонию китобдориро дар ҷойи аввал ниҳоданд.
Муаллима аз фарзандон розӣ аст: ҳама аз рӯи дониш ва касбу корашон зиндагии хуб доранд. Ҳама мисли падар китобдӯстанд.
Панҷоҳ сол шудааст, ки Саида Бобоева аз забони модарӣ ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Донишомӯзоне, ки он вақт даҳсола буданд, имрӯз шаст сол доранд. Дар шаҳр одамони зиёде шогирдаш мебошанд. Бинобар ин, муаллима аз кучае гузарад, даҳҳо нафар бо эҳсосоти гарм ба истиқболаш мешитобанд.
Муаллима бо дилпурӣ ёдрас мешавад:
-Бе муҳобо, ман зани хушбахтам. Ман бо омӯзгориву Баҳром ба нависандагӣ дар хидмати халқу ватан будем. Бо одамони нек ҳамкорӣ мекардам. Сӣ соли ҳамзистиву ҳамсарӣ бо марде, ки нависандаи маҳбуби тоҷик аст, бароям як рӯзгори рангини маънавӣ бо сӣ баҳоре аз ишқу меҳр вогузошт.
Китоби зиндагиамро саҳифа-саҳифа варақ мезанаму болидарӯҳии қавие маро фаро мегирад. Дар он саҳифае бе некӣ, варақе бе хубиҳои Баҳром нест. Саҳаргоҳон бо шеъраш аз хоб бедорам мекард:
Нисо ин офтоб аст, офтоб аст,
Нисо гармиву нури беҳисоб аст.
Нисо гулдастаи шодист, ёрон,
Ҳамеша хандаҷӯву хандаёб аст.

Дар охир бояд изофа кунам: нависанда Латофат Кенҷаева рӯи китоб хуб меҳнат карда, номи арзанда ҳам гузоштаст. “ТАРОНАҲО БО ОЛИҲАИ ВАФО” китобест, ки ба хонанда вафодорию хонадориро меомӯзад, китобест пур аз дониш ва таҷриба. Китобест, ки баъди солҳои зиёд ҳам пайвандон онро хонда хоҳанд гуфт:
-Ана, мо чӣ гуна бибии шуҳратёр доштаем.
Ва онҳо низ кӯшиш мекунанд, ки донишманду бомаърифат шуда, барои халқу ватан хидмат намоянд.
Рӯзе ман ба дидорбинии муаллима рафтам. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Бо фарзандон маслиҳат кардаю қарор додем, ки асарҳои Баҳромҷонро дар ду қисм чоп мекунем. Охир, имсол 80-солагии зодрӯзашон аст, мебояд туҳфае ба ёдашон бикунам”.
Оре, Саида Бобоева ҳам дар мактаб ва ҳам дар зиндагӣ ба атрофиён дарси вафодорӣ медиҳад.

МИРЗОНАСРИДДИН,

нависанда