МУҲИТИ АДАБӢ, КАМОЛИ ҲУНАРӢ ВА РИСОЛАТИ НАВИСАНДА

Previous Next

   Сатҳи камолу пешрафти адабиёт дар домани ҳар давру замоне ба шароиту тавонмандиҳои муҳити адабии он бастагӣ дорад. Дар ин миён агар матлаб шинохту маърифати адабиёти давраи хосе аз замон аст, пас лозим аст нахуст мушаххасоту барҷастагиҳо, асбобу абзори муҳитофар мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Аз ҷониби дигар зиндагӣ дар қаламрави адабиёт фазоҳои тозаи муносиботу бархурдро бо падидаҳо, тамоюлҳои адабӣ, арзишҳои мавҷуд дар конуни инсонӣ фароҳам меоварад. Равшан аст, ки ҳар адибе ҳамчун рукни аслии ин қаламрав қодир нест, ҳамеша саргарми эҷоду дилмашғулаҳои худ бошад, зеро муҳити ҳоким тақозо мекунад то шахси нависанда ё шоир аз ҳарими хеш берун ояд, низоми зиндагияшро бо зиндагии ҳамтоёну муосиронаш муртабит созад. Бо маҳсули зеҳну эҷоди онҳо ошно гардад, бар асоси дарку тасаввури худ осори мавриди назарро нақду арзёбӣ намояд. Ба дигар сухан гоҳо нақшу рисолати як мунаққидро ба сомон расонад. Доштани ин вижагиҳо муқтазои идомати адабиёт дар конуни адабист. Адами чунин хусусияте, сабабгори костагӣ, ақибафтодагии зиндагии ҷомеаи адабӣ мегардад.
Нерӯмандӣ, тавониҳои корсоз дар муҳити адабӣ бастагӣ ба донишу хирад, завқу салиқа, дунёи фикру андеша ва истеъдоду малакаи нависанда ё адиб дорад. Дар пайванд бо ин мавзӯъ метавон иддао намуд, ки дар адабиёти муосир мо камтар ҳунарваре дорем, ки мисли шодравон Баҳром Фирӯз дар ҷомеаи адабии замонаш ҳузури комил дошта бошад.
80-сол аз умри шодравон Б.Фирӯз гузашт. Аз ин рӯ бемаврид нест агар сайре дар қаламрави корномаи адабии ӯ сурат бигирад.
Устод Баҳром Фирӯз даҳаи шастуми асри сипаришуда расман вориди майдони адабиёт шуд. Бо шеър ва нашри маҷмӯаи “Розҳои маҳтобшаб” хеле зуд ба марзи шуҳрату маҳбубият расид ва баъдан назмро канор гузошт ва насрро ҷиддӣ гирифт, ки тарҳу баррасиаш мавзӯи дигарест.
Манзури мо аз ин мухтасар ибрози андеша дар атрофи осорест, ки ба қавли худи нависанда дар атрофи “риштаҳои номашҳури адабиёт, тарғибу ташвиқ, тақризу таҳлил ва ғ…” иншо шудаанд.
Қабл аз шарҳи бештари мавзӯъ бояд таъкид намуд, ки равоншод Баҳроми Фирӯз дар хилоли фаъолияти эҷодӣ ҳамеша муроқибу мушоҳиди рушду камоли адабиёт, ҷараёнҳои адабӣ, нашру кайфияти китобҳои дарсии адабиёт, забон ва забони китобҳои дарсӣ, масоили мартуб ба адибони ҷавон ва ғ. будааст. Гузашта аз ин мавсуф перомуни бархе аз масоили адабиётшиносӣ, нақшу рисолати як эҷодкор дар ҷомеа назару биниши вижа дорад.
Яке аз мавзӯъҳое, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи эшон буда, масъалаи ҷойгоҳу мақоми нависанда дар конуни инсонист. Вазифаи адабиёт дар маҷмӯъ агар тарбияти инсон, татҳири ҷаҳони даруни ӯ, гушудани дарвозаҳои зебоӣ пеши чашми мардум бошад, дар амалисозии ин ҳадафи бузург аҳли эҷод бояд тамоми зарфияту имконоти зеҳнии хешро ба кор бигиранд. Ин кори содаву маъмулӣ нест, гузашт, ҷоннисорӣ, дурӣ аз бисёре лаззатҳои ониро иқтизо дорад.
Дар ин маврид Б. Фирӯз чунин изҳор дошта: “ҳар як ҳунарвар ҳангоми эҷод як нуқси бузурги ботини худро мебояд, ки барҳам занад. Ин нуқс вобастагии инсони эҷодкор ба шахси худ аст.
Аз худ бояд, ки бигурехт ва кулли тараддуду таш¬вишҳои рӯзмарра, аз хонавода, аз дӯстону ҳамнишинон, аз ҳамаи ин зоҳирнамоиҳо. Худро ва ин ҳамаро аз масофати дуртар, бо чашми дигар мебояд, ки нигарист. Он гоҳ ҳар чӣ менависед, ҳама даркорӣ муҳим ва дар мақоли худ меояд”.
Марҳум бештари дидгоҳҳо ва андешаҳояшро зимни баргузории мусоҳибаҳо бо донишмандони адабиёт ва намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ баён намудааст. Мурури дидгоҳҳо ва нигараҳо дар матни мусоҳибаҳову мақолоти ҷудогона гувоҳ бар ин аст, ки ӯ дар кори нависандагӣ вазифаи ҷонии ҳар адиберо дар ибрози ҳақиқат ва ҳифозати он медонад. Аз нигоҳи ӯ “мавқеи нависанда дар рӯ ба рӯи ҳодисоти ҷамъият бояд ягона бошад. Ин ҳам гуфтани ҳақиқат. Ҳунар, донишу фарҳангинро ҳам барои нияти қабеҳ ва фиребу нобакорӣ истифода кардан мумкин аст, вале ҳақиқатро не! Ҳақиқат ҳаргиз монеи некиву накӯкорӣ нахоҳад гашт”.
Мавсуф ҳар асари тозаэҷодро ба манзалаи ҷаҳоне медонад, ки хонанда бо вуруд ба ҳарими он зиндагии дигаргунаро таҷруба мекунад.
Масъалаи дигаре, ки миёни афкору андешаҳои адиб ҷалби назар менамояд ба масъулият, сатҳи донишу фазилат ва ҷаҳоншинохтии нависандагон иртибот мегирад. Амри нависандагӣ масъулияти бузургеро ба дӯши адибон мегузорад. Ҳар адибе бо таълифоти худ дар садад аст ҷамоати бузургеро дар заминаи масъалае, ки бо тору пуди зиндагии инсонҳо гиреҳ хурда, таблиғу тарғиб намояд. Ба дигар сухан бо асари худ як навъ дарси панду насиҳатро, роҳбаладиву роҳнамоиро оғоз менамояд. Аммо масъала ин аст, ки худи ӯ оё барои шурӯи чунин амре наҷиб, омодагӣ, донишу фазли лозимро дорад?
Ба навиштаи Б.Фирӯз “агар қавлу амали адиб ба ҳам мувофиқат намекунад, ҷаҳди ӯ баробари дар ҳован обро кӯфтан аст. Ҳарфаш бетафт ва бетаъсир бармеояд”.
Доварӣ дар перомуни масоили инсонӣ, мардумомӯзӣ ба андешаи шодравон Б.Фирӯз ҳақки нависандаест, ки донишу фазилат, ниҳоди пок дошта, аз ҳама гуна таассубот дар канор аст.
Зимни арзёбии мақому ҷойгоҳи адабиёт, хотирнишон месозад, ки ҳадаф аз осори адабӣ дар маҷмӯъ кӯмак кардан ба мардум аст то “ӯ худро бишносад, ба нерӯи худ эътимод биафзояд, ба сӯйи адлу ҳақиқат некию некӯкорӣ майл овараду алорағми норостию нобакорӣ, дурӯғу фитна ба қиём бархезад. Адабиёт ба ҳамин минвол бояд, ки ба инсон ёридастӣ кунад, то ӯ хушбахт бошад”.
Нуктаи дигаре, ки миёни андешаҳо қобили мулоҳиза аст, мавзӯи ҷасорату шуҷоат дар пешаи нависандагист. Вуҷуди ҷасорат барои касоне, ки умри хешро ба нависандагӣ пайвастаанд бисёр муҳим аст, вале ҷасоратро лозим аст аз худхоҳиву худписандӣ ва густохӣ ҷудо намуд.
“Қатрае аз садафи андеша” аз зумраи мақолоти арзишманду хондании Б.Фирӯз ба шумор меравад. Мавзӯи ҷомеъ дар мақолаи мазкур пешаи нависандагӣ, ҳунари нависандагӣ ва аносире, ки дар зуҳуру камоли он корсозанд, мебошад. Аз дидгоҳи мавсуф яке аз шохисҳои барҷастаи нависандагӣ вуҷуди истеъдод аст, ки дар атрофаш баҳсу ҷидолҳои зиёде сурат гирифта. Касрати таълифот дар ин мавзӯъ муҷиби он шуда, ки назаргоҳҳо такрору забонзад гарданд.
Устод Б.Фирӯз барои як нависандаи соҳибистеъдод доштани сифату вижагиҳои хосеро таъкид менамояд. Ба қавли ӯ зуҳури бинишу диди тоза, каломи хушрехту зеҳнишин, фасоҳату балоғати забон вусъати назар дар баён, мантиқи устувор ва гузашта аз ин ҷанбаи нерӯманди иҷтимоӣ дар асар метавонад, нишонаҳои боризи истеъдод бошад. Сарпечӣ аз амру дастурҳои носавобу нодаркор, аз тозаҳур ва муҳим аз ҳама парҳез аз моли дигарон низ аз хамирмояҳои истеъдод аст.
Баъдан омада, ки “инсони соҳибистеъдод дорои хосиятҳои махсусест, ки баъзан ин хислати ӯ барои ашхоси атрофаш тоқатфарсо аст, зеро мардумон орому осуда, бехалал ва беташвиш зистан мехоҳанд, аммо дар фитрати марди соҳибҳунар беоромию беқарорӣ, тозаҷӯӣ, ҳаргиз қонеъ набудан аз рӯзгори худ ва дигарон, ба дурӯғ норостӣ, сохтакорӣ тан надодан махлут аст. Ӯро ҳунар беш аст, имкони фаровон дорад, аз ӯ бештар бояд тақозо намуд, аммо вай низ ҳақ дорад, ки аз ҷамъият дар нисбати як фарди оддӣ бештар талаб кунад. Ҳунари адиби ҷодусуханро барои корҳои камарзиш харҷ кардан далели кӯрдилию зиёнкорӣ аст”.
Матлаби дархури таваҷҷуҳ дар хилоли гуфтаҳои нависандаи арҷманд доштани бинишу дониши фарох, мутолиоти густурда аст. Пайванд бо адабиёт иқтизо дорад то нависанда мероси гаронсанги адабиёти башариро дар тӯли қарнҳо фаро бигирад аз пораҳои “Авасто” ва “Маҳабҳарата” то осори Чингиз Айтматов ва Габриэл Маркес, аз ҳама воқиф бошад”.
Шинохти қаламрави зеҳну андешаи адибони бузурги ҷаҳон ба зеҳни нависанда нерӯи эҷод, зояндагӣ медиҳад, хоставу нохоста эҳсос мекунад, ки камоли ҳунарӣ ба ҷуз осори бадеъ донистани риштаҳои дигари улум мисли равоншиносиву фалсафа, нуҷум, забоншиносӣ ва ғайраро ниёзманд аст.
Камоли ҳунарӣ, ки хестангоҳаш, зуҳуру шаклгириаш ҷомеа мебошад, замоне оғоз мегардад, ки ниёзмандӣ ба вуҷудаш то умқи ҷон аз ҷониби ҳунарвар эҳсосу дарк шавад. Созу барг, асбобу абзори корсозаш ҷиҳати таҳаққуқпазирӣ фароҳам гардад. Барои як нависанда камоли ҳунарӣ дар бистари ҷомеаи адабӣ, ки иртиботи мустақим бо ҷомеаи илмиву фарҳангӣ дорад, сурат мегирад.
Эҷод, офариниш танҳо бо навиштани шеър ё достоне хулоса намешавад. Ин амал бахше аз кори ҳунарист. Масири камол ҷанбаҳои мухталифе дорад, ки ба пардохтан ба онҳо дунёи эҷод нокомил хоҳад буд. Ба қавли Бедил “Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ”.
Гоми нахуст дар амри камол бояд назари интиқодӣ ба офаридаҳои хеш бошад. Нависанда зимни бозхониву бознигарии асараш бояд битавонад то марзи муҷоз заъфу костаҳо ва ё ҳусни навиштаашро бишносад. Ин амр хоставу нохоста ӯро ба домани қиёсу тадбиқ бо таълифоти дигар ҳамтоён мекашонад. Аз сӯйи дигар ғафлату ноогоҳӣ аз фарҳангу тамаддуни башарӣ садди бузурге дар масири офаринандагӣ ба шумор мераванд. Беҳуда нест, ки нависандагону адибони бузурги олам ҳамзамон донишманду фозилони замони хеш буданд.
Масъалаи дигаре, ки дар навиштаҳо ба он таъкид шуда, гурезу парҳез аз шитоб дар таълифу нашри осор аст. Ҳар гоме, ки аз ҷониби ҳунарвар бардошта мешавад, лозим аст, озмуда, пухтаву расо, такявар ба воқеияту ҳақиқат бошад. Азбаски мавзӯи ҷовидонии адабиёт инсон ва бозтоби шебу фарози масири ҳастии ӯст, пас адибонро лозим аст, ки дар бархӯрд бо он сатҳӣ, сарсарӣ муносибат накунанд. Ба ҷузъиёти мавзӯъ ошно бошанд, дар паймоиши ин роҳ созу барги лозимро фароҳам созанд. Ба дигар сухан “Суханвар бояд, ки инсонро инжинервор нек шиносад, тағйири авзои вай, наҳифтарин таҳрики ҳиссу андешаи ӯро пай барад. Ин сифат шарти нахуст ва заруртарин ҳунари нависандагӣ аст. Дар рушду камоли касбии аҳли эҷод дар ҳама давраҳои адабиёт саҳми танқиди адабӣ, нақши мунақидон бисёр корсозу арзишманд будааст.
Танқиди адабӣ рисолати аслиаш дидани ҳусну қубҳи асар аст, ки дараҷаву низоми он ба ҳунару истеъдоди холиқаш гиреҳ мехурад. Нақди адабӣ қодир аст, ки адабиётро аз навоқису костагиҳо поксозӣ кунад. Ба нависанда дар гузиниши шеваи шоистаи офариниш, дурӣ аз падидаҳои номатлубе, ки шахси нависандаро худбину худбовар, фориғбол сохта, тадриҷан аз саҳнаи эҷод ба инҳироф мекашанд, кӯмак намояд, вале барои дастёбӣ ба ин ҳадаф омодагӣ, бохабарии касбӣ, зеҳнии мунаққид лозим аст, то нақд воқеӣ, мунсифона, бар пояи таҷрубаҳои мавҷуд сурат бигирад. Мунаққид бояд мусаллаҳ ба донишҳои амиқӣ адабиётшиносӣ, осори назарӣ дар заминаи нақд бошад, дар паҳнаи адабиёт мутолиоти васеъ дошта бошад”.
Ошноӣ бо таълифоти устод Б.Фирӯз гувоҳ аст, ки эшон ҳамеша аз набудани нақди солиму коргар дар адабиёти муосир изҳори нигаронӣ намудааст. Ӯ ҳанӯз соли 1966 дар анҷумани IX адибони Тоҷикистон қарор буд, перомуни адабиёту масоили он, аз ҷумла танқиди адабӣ суханронӣ намояд, ки мутаассифона ба далоили мухталиф ба вай имкон надоданд. Дар матни суханронӣ, ки баъди 27 сол ба нашр расид, дар атрофи вазъи нақди адабӣ ва шеваи кори мунаққидон бисёр муҳаққиқона ва бо эҳсоси масъулият сухан рафтааст. Аз ҷумла зикр гашта, ки аксари муҳаққиқон камоли шоистаи касбӣ, донишу малакаи лозимро дар нақду баррасии осори адабӣ надоранд. Навиштаҳои онҳо ағлаб хому бепоя, аз тариқи ошнобозиву хотирдорӣ таълиф шудаанд. Доир ба чопи рӯзафзуни адабиёти хому пуч, изҳори назар намуда, қайд менамояд, ки агар танқиди адабӣ ҳар як асари хомро сари вақт аз он ки муаллифаш кисту пуштибони вай кӣ ҳаст сарфи назар карда, хому сақат гӯяд, ин касон дар пайи нашри хомкориҳои худ ин қадар ҷидол намекарданд.
Дар идомаи суханронӣ бо сӯзу эҳсоси дареғу афсӯс хотирнишон менамояд, ки “камбуди масъулият дар назди адабиёту ҷомеа” боис шуда, ки мунаққидон воқеиятро нодида ангоранд.
Устод нимаи аввали солҳои ҳаштодум дар мақолаи дигаре зери унвони “Мурғи пухтагӣ чаро механдад?” вазъи нақди адабиро дар ҷомеаи адабии замон шадидан ба интиқод мегирад ва иброз медорад, ки ҳамеша нақди адабӣ аз ҷараёнҳои мавҷуди адабӣ дер мемонад. Аз диди ӯ вижагиҳои таассуфбарангези нақди мо иборат аст аз адами омодагии муқаддамотӣ, қобилияту тавони дарку малакаи таҳлилу талақӣ, биниши танг, ки иллати аслиаш надоштани донишу ошноии лозим ба осори таҳқиқиву назарӣ аст, мебошад. Ҳамаи ин муҷиби он шуда, ки ҷомеаи адабӣ бо намунаҳое берӯҳу беҷон ва бетаъсири нақди адабӣ рӯ ба рӯ аст. Замон бошад иқтизо дорад то “ҳар он чи мунаққид менависад, бояд одилона, пухтаю санҷида бошад, саҳеҳ, шавқовар гиреҳгушои асари адиб бошад. Мунаққид бояд асрори ҳусни асарро барои хонанда кашф кунад”. [41]
Афкори интиқодии Б.Фирӯз бар мабнои баррасиву мутолиоти насри муосир, таҳлили вазъияти айнии раванди адабиёт, шеваҳои бархурди ноқидон ба осори бадеӣ, фосилаи миёни хонандаву нависанда ба зуҳур расидаанд. Мавсуф иллати заъфу нотавонии накдро вобастан омилҳои муайяне медонад, ки муҳимтаринаш камбуди тафаккури ҷомеъ, ҷаҳоншинохтӣ, дунёнигарӣ мебошад.
Ба андешаи ӯ “аксари мунаққидони мо ҳанӯз ҳам осори ҳунар ва беҳунарӣ, зебо ва зишт, ҳақиқат ва дурӯғ, ҳамдиёрбозиву гурӯҳбандӣ ва хидмати ҳалолу бетамаъро дар адабиёт камтар тафовут мекунанд. Аз ин сабаб китобхонон ба қавли бисёр мунаққидон эътимод надоранд, ба баҳои онон бовар намекунанд”.
Зимнан ӯ нақши мунаққидонро дар таблиғу тарвиҷи адабиёти асил, адабиёти инсонсоз, парвариши зеҳнии мардум, бедорсозии огоҳӣ, ғурури миллӣ бисёр арзишманд медонад. Дар сурате, ки нақд бояд, дар пояи масъулияту инсоф, дур аз ғаразу таассуб бошад. Нақди солим адабиёти моро аз таҳоҷуми фарҳангӣ, аз вуҷуди адабиёти бегона хифзу нигаҳдорӣ мекунад. Таҳлилу арзёбии авҷу фуруди насри муосир, нақши он дар бозтоби мазоҳири зиндагии башарӣ, дунёи ҳоким дар муҳити перомун, корбурди неруву тавонмандиҳои насрро дар тағйири симои ҷаҳон аз масоили дигаре мебошад, ки дар мақолоту мусоҳибаҳои нависандаи фозил мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Падидаву рухдодҳое, ки дар асри ҳозир селосо дар синаи дунё мегузарад, танҳо ва танҳо дар зарфи бетаҳти наср метавонад ҷойгузин шавад. Ба андешаи устод танҳо “насри ҳақиқӣ” дар бистари замон, дар ин дарёи хурӯшони ҳастӣ метавонад “ҳамсӯҳбати оқил, устоди маслиҳатбахш” ва роҳбалади инсонҳо бошад. Устод Б.Фирӯз дар мусоҳибае ба таври мабсут перомуни тамоюлҳои насри имрӯз изҳори назар намуда, таъкид менамояд, ки рисолати насри муосир бузургу вусъатнок аст. Насри имрӯз мебояд ҳақиқати рӯзгорро, асбоби савобу носавоб, некиву зиштӣ, рӯшноӣ ва тирагӣ ва хаёту мамотро шарҳу баён диҳад.
Яке аз тамоюлҳои аслии насли имрӯз ба андешаи эшон вусъату доманаи таҳлилу таҳқиқи зиндагии мардум аст. Ҷанбаи дигари арзишманди насри имрӯз “ба тарзи рӯзафзун қавитар гардидани ҷанбаи психологии характерҳо” дар бистари он мебошад. Насри муосир замоне метавонад посухгӯи дарду мушкилоти ҷомеа бошад, ки фарогири қаҳрамонону бозигарони фаъол бошад, аз тафсиру шарҳи тулонӣ, пургӯйӣ орӣ бошад, меҳвари воқеияти зиндагӣ қарор гирад.
Устод Б. Фирӯз дар радифи масоили умумии адабиёт, пайванду робитаҳои адабӣ перомуни шахсиятҳои машҳури адабиёти муосир ва мақому ҷойгоҳи онҳо дар пешрафту камоли адабиёт изҳори назар намудааст. Дар рушду камоли ҳар ҳунарманде ашхоси алоҳидае нақш доштаанд. Таърихи адабиёт шавоҳиди бисёреро пешорӯи мо мегузорад, ки чи гуна адибон пас аз расидан ба марзи камолу пухтагӣ аз устодони хеш бо сипосу миннатдорӣ зикри хайр менамоянд. Шодравон Б.Фирӯз низ дар мақолаи “Дар таҷрибагоҳи адабиёт” бо эҳтирому самимияти хосе аз нависандаи номии тоҷик Ф.Муҳаммадиев ва адабиётшиноси номвар М.Шакурӣ ёддовар мешавад. Ӯ худованди бузургро шокир аст, ки дар қаламрави адабиёт ӯро бо эшон ҳамдидор намуд. Эшон буданд, ки дасти ӯро гирифтанд ва шеваи зистану офариданро дар марзи адабиёт омӯхтанд. Зимни арзёбии мақому манзалати Ф.Муҳаммадиев дар ҷомеаи адабии мо ва баршумории сифати инсонии вай устод Б.Фирӯз қайд намуда, ки “Осори эҷодкардаи Ф.Муҳаммадиев хоси ҳикоёти он кас худ барои мо ҷавонон мактаби насри тозаасосе буд. Усулҳои нави характерофарӣ, моҳирона ба кор бурдани сарвату назокати забони модарӣ, мантиқан устувории калом ва равшании матлабро аз ҳикояву қиссаҳои муаллим омӯхтаем. Таъсири файзбахши осори эшонро дар навиштаҳои ҳамаи адибони ҷавонону миёнсоли тоҷик дарёфтан метавон” [36]
Ба ақидаи нависандаи арҷманд бузургтарин хидмати Ф.Муҳаммадиев барои адабиёт ин буд, ки бо арза намудани беҳтарин намунаҳо аз эҷоди худ, ба насли худу насли пасин шеваи тозаи дунёро дидану симои воқеии онро ба риштаи тасвир кашиданро омӯхт. Миёни дидгоҳҳои адабии мазкур аз шоирони муосир мо бо исми марҳум М.Миршакар бармехӯрем. М.Миршакар дар зеҳнияти адабии ҳамаи мо шоирест, ки як умр бо эҳсоси масъулият ва бо камоли муҳаббату дӯстдорӣ бо шеър, шоирона зистааст. Ба қавли Б.Фирӯз миёни адибони мо кам нестанд, аммо шоире, ки шабеҳи М.Миршакар дар раванди такомули адабиёт, парвариши адибони ҷаҳон нақши корсоз дошта бошад, кам дорем М.Миршакар буда, ки бо дарки масъулиту рисолати шоирӣ ҳамеша осори ҳамтоёнро ботаҳаммулу шикебоӣ мутолиа намудаву назар дода, навқаламонро роҳнамоӣ намудааст. Мавсуф устод М.Миршакарро “марде кӯҳдилу кӯҳпайкар” номида, хидмати эшонро дар пешрафту камоли насли ҷавони адабиёти тоҷик бисёр арзишманд медонад.
Дар китоби “Саҳнаи гардон” як очерки мабсуте перомуни вижагиҳои фардӣ ва ахлоқии нависандаи бузурги тоҷик Ҷумъа Одинаев ҷо шудааст. Матлаби мазкур фарогири баёни саҳнаҳо, лаҳзаҳои дидори муаллиф бо Ҷумъа Одина аст, ки аксар ҷанбаи ёддоштӣ доранд. Вале дар фазои ҳар саҳнае симои аслӣ, воқеияти вуҷуди як ҳунарвар, ки мутафовит аз дигар ҳамзамонон аст, дарку тасаввури дигаргуна аз конуни ҳастиву муҳити перомун дорад, назди хонанда ҷилвагар мешавад.
Андешаҳои арзишманд дар ин мақола пуршуморанд. Мо танҳо бо зикри яке аз он иктифо мекунем: “адиби шодравон Ҷумъаи Одина дар зиндагӣ на таърифу тавсиф шуниду на ба унвону ҷоизае сазовор гашт. Аммо ман аминам баъди садсол ҳам агар авлоди мо аз осори адибони имрӯз шаш-ҳафт китоберо мутолиа кунанд, яке аз он китобҳо осори ӯ хоҳад буд”.
Ин сухани андаке нест. Нишонгари бузургиву мақоми шоистаи адибест шинохташуда, дар ҳофизаи таърихии мардум ҷой гирифта. Масъалаи арзишманди дигаре, ки дар хилоли назаргоҳҳои нависанда ҷалби назар мекунад мавзӯи забони тоҷикӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯзист, ки онро дар сатҳҳои мухталиф мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, перомуни забони китобҳои дарсӣ, махсусан забони китобҳои адабиёт, адабиёти бачагона, забони тарҷумаи осори бадеӣ изҳори нигаронӣ намудаву барои рафъи мушкилот, камбуду костаҳои забони пешниҳодоти ҷолиб арза намудааст.
Хулосаи ҷомеъе, ки аз афкори нависандаи фозил бармеояд ин аст, ки дар нерумансозии зарфиятҳои забони тоҷикӣ, густариши ҷуғрофиёи корбурди он лозим аст, ҳамаи аҳли забон саҳим бошанд.
Дар поён ба маврид аст таъкид шавад, ки мурури навиштаҳои Б.Фирӯз дар заминаи масоили матруҳа моро бори дигар муътақид месозад, ки зиндагии ӯ намунаи боризи ибрату шоистагист.
Ҷомеаи адабии мо ба вуҷуди чунин нависандагоне, ки бар пояи садоқату вафодорӣ, дилсӯзӣ ба ин зодубум хидмат намудаву роҳро барои ҷавонон ҳамвор кардаанд, беш аз ҳар вақти дигаре ниёз дорад.

Умар Сафар
Профессори ДМТ