Умар САФАР: "ЗАБОН ВА РИСОЛАТИ НАВИСАНДАГӢ"

Previous Next

80 сол аз зодрӯзи нависанда БАҲРОМ ФИРӮЗ

ЗАБОН ВА РИСОЛАТИ НАВИСАНДАГӢ

     Дар зиндагӣ камтар падид омада, ки дар вуҷуди як инсоне чанд риштае аз ҳунар ҷойгузину ҳамнишин гардад. Ҳастии чунин рухдоде дар қаламрави фарҳангу ҳунар бидуни шак неъмату подоши худовандист. Адабиёти муосири тоҷик дар домони худ дар имтидоди замон адибони зиёдеро парваронида, ки яке дар эҷоди шеър ба шуҳрат расида, дигаре дар офариниши осори мансур номвар гашта ва иддае дар шинохти масоили пуррамзу рози адабиёт, маъруфият касб намудааст.
Манзури мо аз ин муқаддима нигоҳи иҷтимолӣ ба масири зиндагии ҳунарварест, ки бо назму наср ва андешаҳои интиќодии хеш ҷаҳоне сохта ва дар маърази тамошои мову шумо ҳамватанони азиз гузоштааст.
Сухан аз бузургмарди адаби муосир Баҳром Фирӯз аст, ки дар даҳаи шастуми қарни сипаришуда бо дастагуле аз шеъри латифу машҳуни меҳру дӯстдорӣ, зебоӣ вориди майдони адабиёт шуд ва баъдҳо насрро ҷиддӣ гирифт. Гузашти рӯзгор, андӯхтаҳо ӯро ба ин натиҷа расонида буд, ки “шеър меваи эҳсос аст, ҳикмат аст, ҳарчи бигӯӣ ҳамон аст, вале тасвири возеҳи зиндагиро дар он намебинед. Шеър хулосаест аз зиндагӣ, вале на худи зиндагӣ аст. Романҳои Балзакро хонда, сурати зиндагии асри ӯро равшан мебинед, вале аз шеъри ҳеҷ як шоир портрети асру замони ӯро ба ин возеҳӣ намеёбед. Дар назари ман наср тӯпи дурзанеро мемонад. Хонандаро ташвиқ насохта, балки ба воситаи тасвир бовар мекунонад, дар қалби ӯ эътиқоди чуқур ба вуҷуд меоварад”. [21]
Баҳром Фирӯз дар тӯли эҷодиёти хеш осори арзишманде дар заминаи наср офарид, ки намунаи беҳтарини он дар маҷмӯаҳои “Ганҷ ва вайрона” (1978), “Рухсора” (1978) (1978), “Ту танҳо не” (1978), “Тору пуд” (1985), “Агар вай мард мебуд” (1987), “Пеш аз шаби арӯсӣ” (1989), “Ғафлатзадагон” (1994) ва ғ. гирд омадаанд.
Дар радифи осори бадеӣ мавсуф мақолоту очеркҳои зиёде дар атрофи фарҳангу адабиёт, ҷомеа, сиёсат навиштааст, ки афкору андешаҳои мавҷуд дар матни онҳо ӯро ҳамчун мунаққиди дақиқназар, адабиётшинос ва рӯзноманигор муаррифӣ менамоянд.
Дар ин мақола дар назар аст дар атрофи андешаҳои устод Б.Фирӯз дар перомуни масоили марбут ба забони тоҷикӣ, забони китобҳои дарсӣ ва махсусан забони китобҳои адабиёт ибрози назар шавад. Ибтидо бояд таъкид гардад, ки дар ҷомеаи адабии имрӯз ба кудрат касеро метавон пайдо намуд, ки шабеҳи Баҳром Фирӯз дар шинохти мушкилоти забон, шеваҳои тадриси адабиёт, омӯзиши забон дар мактаб, нақши омӯзгорон дар тарбияти забонии хонандагон саъю талош намуда бошад. Устод дар бештари риштаҳои зиндагии иҷтимоӣ ҳузури густурда дошт ва бар ин бовар буд, ки “агар адиб истеъдоди фитрӣ дорад, ҳамаи шаклу жанрҳои адабиёт барои ӯ ҳамчун василаи изхори матлаб хидмат хоҳанд кард. Яъне, агар адиб истеъдоде дорад, ҳам шеъраш, ҳам ҳикояаш, ҳам мақолааш асоснок, дилнишин ва шево хоҳад буд”. [9]
Зиндагӣ дар синаи дунё иқтизо менамояд, то инсон пайванду иртиботи густурдае бо Ватану мардуми хеш дошта бошад. Пайванде, ки хестангоҳаш нуҳуфта дар рӯҳу равон ва ниҳонгоҳи қалби одамист. Шодравон Баҳром Фирӯз чиҳил сол қабл аз ин зимни пешниҳоди гузорише ба Шӯрои адабиёти бачагона ба нақши корсози забони модарӣ дар парваришу шаклпазирии эҳсоси бузурги меҳанпарастиву ватандорӣ ишорат варзида, таъкид намуда буд, ки танҳо аз роҳи забон ва нерӯву имконоти шигифтангези он метавон дар ниҳоди насли наврас меҳру дӯстдориро бедор сохт. Ба ақидаи эшон барои дастёбӣ ба чунин ҳадафе лозим аст дар тарзу шеваи таълиму тадриси адабиёт бознигарӣ сурат бигирад. Манзур аз таълими адабиёт танҳо ба касбу андӯзиши донишу малака хулоса намешавад. Маҳз дар заминаи маводи адабӣ завқу салиқа, зеҳният ҷанбаҳои ҷаҳоншинохтӣ ва ҷаҳонигарии хонандагон шакл мегирад ва густариш пайдо менамояд. Ин амр танҳо бо баҳрагирӣ аз таҷрибаву ҳунари омӯзгорони варзида имконпазир аст. Аз ин рӯ лозим аст, “бачаҳоро на танҳо бо грамматика, балки бо каломи зиндаю рангине, ки дилҳоро ба изтироб меоварад, ошно сохт. Бигзор ҳар яке аз хурдӣ афсонаю ҳикояи худашро иншо кунад, аз борони баҳор, лонасозии фароштурукҳо, аз боғи шукуфта ва хирмани тирамоҳ бо сухан тасвири равшан ва муъҷазе офарад”. [184]
Нуктае, ки дар гузориш ба он таваҷҷуҳи хоса мабзул шуда, парвариши ҳисси забоншинохтии бачагон аз домани тифлист. Гомҳои нахустин бояд дар ин росто аз боғча бардошта шаванд. Бозтоби масъалаи забон махсусан дар мақолаи “Каломи модарӣ” вусъату доманаи чашмгире пайдо менамояд. Дар матлаби фавқ омода, ки пешина, дараҷаи донишу хирад, доштаҳои як қавму миллат танҳо дар забони ӯ мунъакис мешаванд. Ин муҷиб мегардад, ки забони қавмеро надониста, худи миллатро шинохтан душвор аст. Ба андешаи Баҳром Фирӯз “бебаҳра аз сарвати забони модарии худ забони миллати дигареро омӯхтан мумкин аст, вале ба балоғату нафосати он пай бурдан натавон. Дар таҳқиқи ин ҳадаф саҳми падару модаронро бисёр муҳим медонад”. Бояд арз дошт, ки вазъияти забони тоҷикӣ аз ҷониби нависандаи арҷманд дар фазоҳои гуногуни корбурдӣ, дар барномаҳои расонаҳои гурӯҳӣ, матни китобҳои дарсӣ, гуфтугӯзорҳои коргоҳӣ, матни осори тарҷумашуда ва махсусан адабиёти бачагона мушоҳидаву арзёбӣ гаштаанд. Устод Баҳром Фирӯз дар мақолае бо назардошти ҷойгоҳи забон онро “оинаи фардо” барои пасиниён медонад. Афкоре, ки дар атрофи чигунагии забони китобҳои дарсӣ баён шуда, имрӯз низ қиммати худро гум накардаанд. Забони китобҳои дарсӣ бояд аз мазомину суханони забонзаду обшуста холӣ бошад. Агар мо хоста бошем фарзандони мо ҷаҳонбинии солиму завқи саршор дошта бошанд, бояд матни китобҳои дарсиашонро нерӯманду ҷаззоб созем. Китобҳои дарсӣ бояд зеҳнияти хонандаро, диду биниши ӯро дар қиболи ҷаҳону падидаҳои ҳазорранги он вусъат бахшанд. Матнҳо бояд ба гунае интихобу сохта шаванд, ки мухотабонро ба андеша кардан, мустаќил роҳ ёфтан, водор намоянд. Ба аќидаи мавсуф “дар китоби дарсӣ барои кӯдакон мебояд аз хулосаҳои тайёр даст кашид, зеро фақат он китобҳое як умр роҳнамои инсонанд, фарзанди одамеро аз пайи худ мебаранд, ки агар аз онҳо худи ӯ хулосае бардошта бошад. Китобҳои аввалин ба муҳаббати нахустини мо монанданд. Мебояд, ки ин китобҳо аз сидқу самимият ва ҳусну назокат саршор бошанд ва моро ҳаргиз нафиребанд”.
Баррасии мақолоти нависанда дар ин замина воқеан касро ба тааммулу андеша водорад. Бархе аз масоиле, ки чиҳил сол пеш аз ҷониби мавсуф тарҳ шудаву шеваҳои ҳалли онҳо пешниҳод шуда, мутаассифона имрӯз низ дар ҷомеаи илмӣ-адабии мо ҷой доранд. Дар мақолаи “Қатрае аз садафи андеша” мазкур аз кам шудани соатҳои дарси адабиёт дар мактабҳои миёна ва андешаи гурӯҳе, ки идао доштанд, ки гӯё аз хондани адабиёт суду манфиате нест, изҳори нигаронӣ намуда, бо бинише, ки хоси ҷаҳони андешаву диди ӯ аз дунёст ба матлаби фавќ посух мегӯяд.
Адами шинохти адабиёт, дурӣ аз офаридаҳои ҳунарӣ, осори бадеӣ паёмади нохушоянде дорад, ки якбора ба зуҳур намерасад. Бетаваҷҷуҳӣ ба адабиёт дар ниҳоди инсонҳо эҳсосоти нохушоянде мисли сангдилӣ, бемеҳрӣ, берӯҳӣ, беалоқагиро эҷод менамояд. Барои як мутахассис вусъати назар, завқу салиқа ва фаросату басират лозим аст, ки хестангоҳаш адабиёт ва осори бадеист. Аз сӯйи дигар ба бовари адиби арҷманд тарбияи маънавӣ-эстетикии хонанда бояд аз овони бачагӣ оғоз гардад. Чун “инсоне, ки аз овони хурдсолӣ бо китоб ошноӣ ва улфат пазируфтааст ва осори хондагиаш ба дилу ҷони вай нишастааст, худ фикран ва ҷисман ба хомкорӣ ва қаллобию нобакорӣ қобил нест. Адабиёти бадеъ бачагонро андешиданду ранҷ кашидан меомӯзад, дар сиришти эшон ҳисси латифи зебоӣ ва накӯкориро мепарваронад”.
Равшан аст, ки дар фазои фарҳангӣ-иҷтимоии ҷомеаи мо яке аз матраҳтарин мавзӯъ масъалаи ном ва номгузорӣ мебошад. Дар як даҳсолаи охир дар атрофи шебу фароз ва мушкилоти он мақолоту китобҳои алоҳида, фарҳанги номҳо ба нашр расидаву даҳо суҳбату нишастҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ баргузор шудаанд.
Ба ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса доранд. Ин мавзӯъ дар ҷаласоти расмӣ, маҳфилҳои бошукуҳи ҳукумат борҳо аз ҷониби эшон таъкид шудааст. Дар китобе омада, ки “номи инсон мисоли зарфест, ки гунҷоиши ҳама чизро дорад. Дар наќшҳои рангину чашмрабойи ин зарф мо ба орзуву омол, хостаҳои падарон рӯ ба рӯ мешавем, ба ҷаҳони фарҳангу андешаамон ошно мегардем, дар кӯчаҳои қадимии таърихшаҳру замони зиндагии онҳо қадам бардорем. Ин зарф як навъ амонатдори доштаҳои инсон аст. Одамӣ ҳарчӣ аз хубиву некӣ, аз гӯшаи меҳру ишқ, дӯстдорӣ, сидқу варо дорад ба ин зарф мерезад. Ин зарфро сарпӯшу қулфу калиде нест. Дару дарвозаи ин ганҷина бар рӯйи ҳам боз аст”. [У.Сафар. Садое аз хилват.2013. саҳ.51].
Манзур аз ин иқтибос зикри ин нукта аст, ки ҳанӯз соли 1980 масъалаи ному номгузорӣ аз ҷониби устод Баҳром Фирӯз дар мақолаи муфассале ба чоп расид, ки фарогири нукоти арзишмандест. Мавсуф перомуни навоқису костагиҳое, ки дар амри номгузорӣ вуҷуд дошта, сухан ронда, зимнан қайд менамояд, ки падару модар дар номи ба фарзанд ниҳодаи худ бозтоби тамоми орзую ҳаваси хешро мебинанд. Аз ин рӯ лозим аст, ки ба падару модари навзод ихтиёр бояд дод, то ба тифли хеш номи дилхоҳашонро бигузоранд. Аз ҷониби дигар таъкид намуда, ки пешиниён қабл аз номгузорӣ бо ашхоси донишманду бофазилат, ё ба дигар сухан аз мардуми китобхон, хушсавод маслиҳат мепурсиданд, ки ин ҳам таҷрибаи шоистае буд. Бояд гуфт, ки пешниҳодҳои нависандаи фозил Баҳром Фирӯз дар атрофи тартиби номгузорӣ муҳиму қобили мулоҳизаанд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем.
Устод аз ҷумла пешниҳод намуда, ки “номи инсон беҳтар аст аз як калимаи фасеҳи якреша иборат бошад: Озод, Ороста… Вале номҳои мураккаби аз ду ва ё зиёда калима сохтагӣ низ ҷоизанд, ба шарте, ки талаффузи он мушкилӣ наорад: Шаҳрошӯб, Дилором… Шарти дигар ин ки ном бояд замонавӣ бошад, орзую омоли падару модарро ифода кунад, дилнишин ва фасеҳ бошад: Номвар, Дидор, Покиза…”
Умуман нукоти муҳим дар мақола пуршумор аст ва бемаврид набуд, агар он имрӯзҳо бознашр мегардид. Масъалаи китобу китобхонӣ ва нақши он дар пешрафту шаклгирии шахсияту зеҳнияти хонандагон яке аз мавзӯъҳои калидии маќолоти публисистии Баҳром Фирӯз ба шумор меравад. Дар мақолаи “Чароғи муъҷиза” дарҷ шуда, ки мо дар буҳронтарин вазъи ҷомеа бояд мактабро аз ёд набарорем. Рушду камоли ҳар ҷомеае бастагӣ ба мактаб дорад. Мактабе, ки сарбозонаш хонандагон ва силоҳи бузургаш китоб, адабиёт аст. Имрӯз мо ба китобҳое ниёзмандем, ки “дар онҳо тасвири ҳаёти имрӯз, равшан воқеӣ акс ёфта бошад, дар паҳлӯи ҳамон бачаи аълохону фаъоли корҳои ҷамъиятӣ ва боодоб бигзор наврасони ҳарзагард, авбошу тамокукаш, ки дар вуҷуди ҷамъияти мо хори гулзорро мемонанд, воқеӣ тасвир гарданд. Мо ба бачагон бештар ғизои ширину болаззати маънавӣ медиҳем, баъзан фаромӯш мекунем, ки нони сиёҳ ҳам хурдан даркор аст”.
Дар поёни матлаб зарур аст таъкид шавад, ки рисолати як адиб танҳо дар осори бадеъи ӯ хулоса намешавад. Офариниши осор кофӣ нест. Бояд эҳсос шавад, ки дар чи марҳилае аз замон зиндагӣ мекунӣ ва замон чи вазоифе пешорӯят мегузорад. Рисолати нависандагӣ таќозо дорад, то дар синаи зиндагии иҷтимоӣ қарор бигирӣ, набзи онро эҳсос намоӣ, дарду ранҷашро бишносӣ ва дар маҷмӯъ дар дармонаш кумак кунӣ. Мо таҳақкуқи ин рисолатро дар мисоли зиндагии пурбори шодравон Баҳром Фирӯз, ки аз зодрӯзаш 80-сол мегузарад равшан мебинем. Устод то охирин лаҳзаҳои умр бо мардум, бо адабиёт бо дунёи шигифти вожагон зист. Зиндагии чунин бузургмардоне бояд намунаи ибрату шоистагӣ бошад.

ПРОФЕССОР

УМАР САФАР,

ДДТ