Маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дӯстдорони эҷодиёти нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз, барандаи ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, ки имсол 80-сол аз зодрӯзро пур кард, мизбон гашт, ки дӯстону ҳамкорон, пайвандону мухлисони ин адиби пурмаҳсулро дар “Маркази фарҳанг” -и шаҳри Хуҷанд дар таърихи 12 декабр ба ҳам пайваст.
Маҳфил бо ширкати шоири беназири тоҷик устод Фарзона, профессор Матлубаи Мирзоюнус, профессор Хайрулло Сабуров, профессор Умар Сафар, нависанда Аюб Кенҷа, дотсент Нуралӣ Нурзод ва роҳбари “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов баргузор гашта ин нишастро ғаниву нотакрор гардониданд.
Дар ифтитоҳия С.Саидов таваҷҷуҳи ҷавонону наврасонро ба зиндагиву эҷодиёти омӯзандаи адиб, осори таълимиву тадрисии нависанда, ҳикоёту мақолоти тарбиявиву ибратбахш ва арзишҳои маънавии ҷовид мисли хизмати беғараз дар ҷоддаи адабиёт, тарбияи фардои башарият, маҳфуз доштани инсондӯстиву одамият ҳарф зада аз қадрдонии чунин инсонҳои эҷодкору офаранда -- Баҳром Фирӯз, ки “аз адибони номвар асту дар адабиёти муосир ҷойгоҳи худро дорост”, сухан кард, ки дар ҳамаи давру замон бо ашъору навишти худ ҷовид хоҳанд монд.
Профессор Хайрулло Сабуров, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров аз фаъолияти корӣ ва адабии нависанда Баҳром Фирӯз гузориш дода аз пурриштаӣ ва гуногунҷанбаии фаъолияти корӣ таваҷҷуҳ намуда, таъсири онро дар осори адиб ва эҳсоси он дар густариш ва рушди нависанда назаррас гаштанро таъкид нумуд.
“...Соли 1957 Баҳром Фирӯз ба бахши таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи С.М.Киров-и шаҳри Ленинобод – ИДПЛ қабул шуда, таҳсилашро идома дод. ...Бо гузашти солҳо, бо хостаи қисмат, бо ибтикориаш соли 1993 таъсису нашри маҷаллаи ҷадиди “Сайҳун” -ро боз ҳам дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монд ва то охири умри худ, сардабирии маҷаллаи мазкурро бар ӯҳда дошт”.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров -- Нуралӣ Нурзод маърӯзаи хеле ҷолиберо барои ҷамъомадагону хонандагони муосир пешниҳод намуд, ки бо мамнуният аз тарафи шунавандагон пазируфта шуд.
Доктори илмҳои филологӣ, мунаққид ва адабиётшиноси шӯҳратманди тоҷик, профессор Матлубаи Мирзоюнус, гузорише бо исми “Нависандаи соҳибназар” тақдим намуд, ки оиди осори мансуриву манзумӣ, нақду публитсистика, маҳорати офарандагиву хушсалиқаии баён, донишу заковат ва вусъату паҳнои андӯхтаҳо дар гуфтор, мушоҳидагиву борикбинӣ ба ҷузъиёти муҳими зиндагии маишӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, масоили мубрами иҷтимоӣ, фалсафаи буду набуд, зиндагиву марг изҳори назар карда, ба осори нависанда баҳои баланд дода масъалаҳои одамгарӣ ва ноодамӣ, адолат ва беадолатӣ, ҳалолу ҳаром, сулҳу ҷанг, ишқу фироқ, муҳаббат ва нафрат, садоқат ва хиёнатро, ки нависанда ба миён мекашад ва аз паҳлӯҳои мухталифи масоили иҷтимоиву ахлоқӣ ва таърихиву фалсафиро ба маърази таваҷҷуҳ мегузораду хонандагонро низ беасар намемонад, бо мисолҳои мушаххас ба ширкаткунандагони маҳфил сухан кард:
“Ошноӣ бо рӯзгору осори Баҳром Фирӯз, ашъори диловезу самимӣ, ҳикояву повестҳо, роман, мақолаву очереҳо, нақду публитсистика, тарҷумаи осори манзуму мансур ва кинофилмҳо, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин адиби пурҳунар ва соҳибназар дар як давраи пурпечутоби зиндагии миллати мо зиста, ба иллати носозгориҳои айём дар айни камолоти адабӣ аз чаҳон рафтааст. Шахсияти ӯро ба унвони зиёии асиле, ки тамоми умр барои камолоти маънавии худ ва ҷомеа талош варзид ва дар кулли осораш ахлоқи ҳамидаи инсониро дар меҳвари афкори бадеӣ қарор дода, устоди муваффақи мактаби одамгарӣ дар як марҳалаи адабиёти тоҷик гашт, бояд шинохт”.
Доктори илмҳои филологӣ, профессори Дошишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар ҳангоми муаррифии китоби тозанашршуда - "Торикравшани шинохт" – бо пешгуфтори академик Муҳаммадюсуф Имомзода "Зодани мард...", ки ба 80 солагии нависанда чоп шудааст, нақд оиди эҷодиёти Баҳром Фирӯз анҷом додааст, чунин афзуд: “Бозхонии романи мавриди назар гувоҳ бар ин аст, ки шодравон Баҳром Фирӯз дар бистари он асари мазкур ба наҳви аҳсан тавониста воқеияти бараҳнаи таърихи муосири моро дар марҳилаи муайяне аз замон бо чирадастии чашмгире бозтоб намояд. Ошноии амиқ бо дарунмояҳо ва сужаи ин китоб моро водор месозад, ки дар атрофи ғафлатҳои рафта, гумроҳиву ноогоҳиҳо, ки ҷузви рӯзгори инсонист ва имкони такрорро доранд, биандешем. Пешрафт болоравӣ ва сарсабзии ватан вобастаи донишу огоҳии насли имрӯз аст”
Нависанда ва рӯзноманигор Аюб Кенҷа хотироти ҷолибро аз ҳамкорӣ ва ҳамнишинии худ бо Баҳром Фирӯз ёдоварӣ карда ҳузурдоштагонро ба ёди он солҳо бурд.
Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Фарзона дар суханронии худ аз шахсияти нотакрори адиби соҳибназар Баҳром Фирӯз ёд кард. Ӯ гуфт, ки сиришти нек ва ҷавҳари поки ин нависанда ба қалами ӯ таъсир кардааст ва нигоштаҳояш инсонро ба роҳи неку рост ҳидоят мекунад.
Осори арзишманди нависанда муаррифгари ҷаҳони ботинии ӯст, ки ба ниҳоди хонандагон таъсири нек хоҳад гузошт.
Сурудҳо ба шеъри Баҳром Фирӯз бо оҳангҳои дилнавоз дар иҷрои гурӯҳи мусиқии “Навои ҷавонӣ”-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ки ба нишастагон суруда шуд, маҳфилро хеле шод ва пуршукӯҳ гардонид ва шеърхонии набераи адиб -- Садаф Фирӯз нафасе тозае ворид намуд.
Ҳамсари адиб муаллима Саида Бобоева сипоси худро ба ҷамъомадагону баргузоркунандагони ёдбуд баён намуда ба маърузкунандагон аз китоби 2 ҷилдаи тозанашршудаи Баҳром Фирӯз “Ғафлатзадагон” ва “Пеш аз шаби арӯсӣ” ҳамчун хотира тақдим намуд.