Шодӣ Раҷабзод: “ҶОМАИ БОМАСЛИҲАТ”-И АДИБ

Previous Next

   Нависандаи маъруф, шодравон Баҳром Фирӯз аз адибоне ба шумор мерафт, ки ҳамбаста бо эҷоди ҳикояву қиссаҳо ба нақди адабиёт машғул гардида, андешаву мулоҳизаҳои худро доир ба ин ё он асари ҳампешагон бо далелҳои муътамад, ошкорову беғаразона ва бо дарку фаҳмиши баланд, дар заминаи ҷараёнҳои адабии ҷаҳонӣ иброз медошт. Нависандаи пуркору донишманд ақидаву андешаҳои ҷолибу судмандашро дар ин бобат дар китоби “Саҳнаи гардон”, ки мақола, тақриз ва гузоришҳояшро доир ба адабиёт фаро гирифтааст, ҳанӯз соли 1992 пешниҳоди хонандагон ва аҳли адаб гардонда буд. Дар китоби мазкур, ки аз ду қисмат иборат аст, нахуст мақолаю тақриз ва эссеҳои адиб дар хусуси адабиёти муосири тоҷик, осори нависандагон ва дар қисмати дувум намунаҳои очерку публитсистикаи нависанда ҷой дода шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар ҳар як навиштаи адиб садои қалби эҷодкори дилогоҳу ғамхор, ки ба осори таълифнамудаи ҳамқаламони худ бетараф намебошад ва рушду пешрафти адабиёти тоҷикро самимонаву аз сари сидқу ихлос хоҳон аст, ба гӯш мерасад Баҳром Фирӯз гоҳо чун устоди сухан намоён мешавад, ки ба адибони ҷавон дар иншои ҳикояту қисса маслиҳатҳои судманд медиҳад, гоҳо ба сифати забоншиносу сухансанҷе андеша меронад, ки ба қавоиду қавонини сарфу наҳви тоҷиӣ алоқаи зич дошта, камбудию норасоиҳои носиронро баён менамояд, гоҳи дигар аз сатҳу сифати асарҳои тарҷумавӣ сухан дар миён оварда, алоқамандони адабиётро ба баҳси созанда даъват месозад, гоҳе дар хусуси нуқсонҳои ҷиддии китобҳои дарсӣ бо дард ва далоилу арқом ҳарф мезанад ва таъкид менамояд, ки эҷодкор, хоса, қаламкаши ҷавон бояд доираи омӯзишу мутолиаи васеъ дошта бошад, ба як ё ду навиштаи шогирдонаи худ қонеъ нагардад.
Дар маҷмӯъ, нависанда бо масъулияти баланд сабку шеваҳои ҷиддан муносибат намудан ба масоили адабиётро аз ҳар як эҷодкор тақозо мекунад. Дар нахустмақолаи китоб, ки “Бо исми накукорӣ” унвонгузорӣ шудааст, нависанда дар хусуси чӣ тавр ба китобу мутолиа ва омӯзиш меҳру дилбастагӣ пайдо намудану батадриҷ ба саҳнаи адабиёт ворид шуданаш нақл менамояд. Аз ҳикояти Баҳром Фирӯз аён мегардад ки вай аввалан омӯзишгоҳи педагогӣ, баъдан Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм намуда, як-ду сол дар донишгоҳ аз фанни адабиёт ба муҳассилин дарс дода будааст. Аввалҳо ба иншои шеър машғул гардида, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст, ки ҳосили ин талошҳо ду маҷмӯаи ашъори шоир маҳсуб меёбад. Ва баъдан ба арсаи наср гом ниҳода, ҳикояҳо таълиф намудааст, ки ҳикояи нахустини ӯ — “Бобо” аз ҷониби аҳли адаб, ба вижа, устоди сахтгири адабиёт, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев хеле хуб истиқбол ва пазироӣ шудааст. Адиб дар мақолааш менигорад:
“Аммо ман ҳанӯз ҳам дар сари ин ақидаам, ки агар адиб истеъдоди фитрӣ дорад, ҳамаи шаклу жанрҳои адабиёт барои ӯ ҳамчун василаи изҳори матлаб хидмат хоҳанд кард. Яъне, агар адиб истеъдоде дорад, ҳам шеъраш, ҳам ҳикояаш, ҳам мақолааш асоснок, дилнишин ва шево хоҳад буд”.
Дар навиштаи “Ҳикоят чист ва чӣ тавр онро менависанд?” Баҳром Фирӯз перомуни таълифи жанри муҳимми адабиёт — ҳикоя фикрҳои худро баён намуда, баҳри исботи гуфтаҳояш аз адибони барӯманди ҷаҳон, аз ҷумла, нависандаи англис Соммерсет Моэм, рус А.Чехов, шоири олмонӣ Ҳёте, файласуфи Юнони қадим Арасту иқтибос меорад, ки ба маврид ва созгор буда, дар масъалаи иншои ҳикоя, ки аз жанрҳои душвору заҳматталаби адабиёт ба шумор меравад, нигоҳи хосаи нависандаро ифода мекунад. Носири хушбаён таъкид месозад, ки навиштан, умуман эҷоди асари бадеӣ, амали сангину тоқатфарсо буда, аз эҷодкор заҳмати фаровон, бедорхобиҳои шабурӯзӣ, омӯзишу мутолиаи пайвастаро талаб мекунад. Ба хусус, таълифи ҳикоя, ки ба тасдиқи бахши аъзами эҷодкорони номвари ҷаҳон, кӯтоҳбаёнӣ, муъҷазу ихчамгуфторӣ ва тасвири як лаҳзаи ҳаёти қаҳрамонро дар бар мегирад, кори саҳлу осон намебошад. Баҳром Фирӯз ба масобаи як устоди воқеан масъулиятшиносу дилсӯз ба носирони ҷавон атрофи ҳикоятсозӣ сухан ронда, сохтори ташаккули ҳикояро ба эшон бармало месозад ва огоҳ мекунад, ки ҳар нависанда набояд аз ҳамин талаботу меъёри адабӣ канор рафта, ба суханпардозию вуқӯънигории беҳуда машғул гардад.
Дар мақолаи “Чароғи муъҷиза” нависанда ба масъалаи нашри асарҳои бачагона ва мушкилоти тарғиби осори таълифнамудаи адибони бачаҳо дахл намуда, сабабу омилҳои шуҳрату нуфуз пайдо накардани иддае аз ин осорро ба таври амиқу доманадор таҳлилу натиҷагирӣ мекунад. Бубинед, ки мақола соли 1981 иншо гардидааст, аммо бо фарогирии андешаҳои ҳадафрас ва далелу бурҳони овардаи адиби пухтакор он имрӯз ҳам аҳаммияти худро гум накардааст. Баҳром Фирӯз дар навиштаи худ аз он изҳори ташвиш ва нигаронӣ менамояд, ки асарҳои назмиву насрии бачагона аз камбудию норасоиҳо, мутаассифона, орӣ нестанд.
“Ҳанӯз ҳам шеърҳои пучу обшуста ва ба касе нодаркор, ба дили хонандаи имрӯз, ба ҳиссиёти он бетаъсир бисёранд. Аз ҷиҳати нафосат ва назокати калом ашъори бачагонаи мо хеле такмил металабад. Дар насри бачагона вазъият боз ҳам беҳӣ мехоҳад - асарҳои яклухти бачагона, ки ҳаёту таҳсили бачагони имрӯзи тоҷикро тасвир созад, ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. То ҳол мо аз ҳаёти мактаб ва мактабиён, ки инсони фардои мо асосан дар он ҷо ба камол мерасад, дониш ва ахлоқ, ақида ва ҷаҳонбинии солим пайдо мекунад, асари шоистае надорем.” Баҳром Фирӯз бо нишон додани камбудиҳо ва ошкор намудани асарҳои сусту каммоҳият, роҳу шеваҳои аз ин падидаҳои номатлуби адабӣ раҳоӣ ёфтанро як-як рақамзанӣ менамояд. Ин тарзи баёну андешаронӣ дар навиштаи дигари адиб — “Киро довар кунам?” равшану возеҳ ба мушоҳида мерасад. Нависандаи борикбину сухангустар вазъи асарҳои тарҷумавӣ ва дар умум, тарҷума дар адабиёти солҳои охирро ба риштаи таҳқиқ кашида, дар ин самт нуқсу норасоиҳои ҷиддиро дар баргардонии асарҳои адибони рус ва ҷаҳон, хоса дар ҳусни баён, истифодаи вожаю таъбирҳо аз ҷониби тарҷумонҳо, ки аксари онҳо нависандагон ба шумор мераванд, ошкор ва тарзу роҳҳои саҳеҳу дурусти корбурди калимаву таркибҳоро нишон медиҳад.
Мақолаи “Таъсирбардорӣ” низ бо мақолаи фавқ ҳамоҳангӣ дошта, нависандаи заҳматкашу пурхонда омӯзиши осори адибони миллатҳои дигар ва дар маҷмӯъ, адабиёти ҷаҳонро дар масъалаи бештару амиқтар шиносоӣ пайдо кардани адибони тоҷик аз равандҳои навини адабиёти муосири олам муҳим мешуморад. Ба хусус, носирони ҷавон бояд мутассил осори адибони маъруфро мутолиа намуда, тафаккуру фаҳмиш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Дар радифи осори адибони Ғарб, Ҷопон, Скандинавиё, Амрикои Лотин, Баҳром Фирӯз омӯзиши амиқи асарҳои адибони Шарқи хориҷӣ, хусусан, форсизабонро дар такомулу таҳаввули адабиёти миллӣ ва рушду равнақи он заминаи асосӣ меҳисобад. Адиб мегӯяд:
“Солҳои охир хеле аз осори адибони Шарқи хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд, баъзе аз осори адибони форсизабон бо ҳуруфи имрӯз дар Тоҷикистон интишор ёфтанд. Вале ин ҳанӯз кам аст ва аз рӯи ин нашрҳо вазъи адабиёти ин кишварҳоро равшан тасаввур наметавон кард. Хоса, насри адибони форсизабон дар Тоҷикистон хеле кам ба табъ мерасад”. Баҳром Фирӯз аз адибоне буд, ки ягон соҳа ё паҳлуи ҳаёти иҷтимоӣ бо проблемаю мушкилоташ аз назари ӯ дур намемонд. Нависанда яке аз аввалинҳо шуда, охири солҳои 80-ум аз вазъи китобҳои дарсии мактабҳои ҷумҳурӣ, сифати паст ва тарзи носуфтаи забону баёни муаллифони онҳо садо баланд кардааст. Ин маънӣ дар мақолаи “Оинаи фардои фарзандон” ҷойгоҳи асосиро ишғол кардааст. Баҳром Фирӯз, ки аслан аз ҳаёти наврасону ҷавонон ҳикояву қиссаҳо эҷод мекард, ба барномаю китобҳои дарсии он замон ошно буд. Аз ин рӯ. андешаҳои худро дар хусуси муҳтавои китоби “Забони модарӣ” барои синфҳои дуюму сеюм иброз дошта, аз матнҳои мантиқан хароб калимаю ҷумлаҳои ғалату носаҳеҳро дарёфтаю ҳамчун намуна иқтибос меорад. Ва пас аз таҳлилу баррасии забони китобҳо, баёни якрангу қолабии муаллифон, матнҳои каммазмун ба натиҷае мерасад, ки луғати мактабиён бо омӯзиши ин гуна матну порчаҳои насрии содаи “кӯчагӣ” ҳеҷ гоҳ ғанӣ намегардад. Нависанда таъкид мекунад, ки китобҳои дарсии мазкур ҳароина таҷдиди назар карда шуда, аз нав, бо фарогирии матнҳои шевою пуробуранг, чӣ аз осори шоиру нависандагони классики форсу тоҷик, чӣ муосир таълиф ва рӯҳи миллӣ дар ин китобҳо қавӣ бояд бошад.
Баҳром Фирӯз умумию сатҳӣ андеша намеронад, ин навиштаи пурсӯзу гудозаш низ пероста бо далоилу арқом ва хотиррасон намудани унвони матнҳо ва саҳифаи китоби дарсӣ рӯйи сафҳа омадаанд. Дар масъалаи забон ва тарзи дурусти истифодаи калимаю таркибҳо мақолаю эссеҳои дигари адиб моҳияти баландро доро мебошанд. Навиштаҳои “Каломи модарӣ”, “Эзоҳ ба як эътироз”, “Ғалатҳои куҳнаву нав”, “Чаро пропаганда пару по канда шуд” ва ғайра бозгӯйи ҳамин афкор буда, дар баланд гардидани завқи маърифатии хонанда ва донистани нозукию ҷузъиёти забони модарӣ, паҳнову умқи ин баҳри беканори омӯзанда аҳаммияти барҷаста доранд. Аз таъкидҳои нависандаи хушкалом метавон хулоса кард, ки забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғат, салосату пуробурангӣ ва шевоию равонӣ дар тарбияи завқи мутолиаи хонандаи соҳибфарҳанг нақши муассир ва мондагор мебозад. Ин аз истифодаи баҳунаронаю огаҳмандонаи адибон ва сатҳи омӯзишу заҳмати эшон вобастагии амиқ дорад. Агар асар бо забони шевою ҷаззоб офарида шуда бошад, завқи хонанда такомулу таҳаввул меёбад, агар баръакс, вожаю калимаҳо дар мавқеи худ истифода нашуда, забони адиб хароб бошад, майлу таваҷҷуҳи хонанда ба адабиёт коста мегардад, ки ин падидаи нохуш ба шумор меравад. Бархе аз мақолаю матолиби адиб ба маҳорати эҷодӣ, ҳунари нигорандагӣ ва тавсифи сифатҳои волои инсонии шоирону нависандагони маъруфу тавоно - устодони каломи бадеъ бахшида шудаанд, ки мақолаҳои “Марди кӯҳдил ва кӯҳпайкар”, “Шеъри табиӣ ва худруста”, “Ҷумъаю Одина дар маънӣ як аст”. “Сабақи устод” ва чанди дигар аз ҳамин қабил маҳсуб меёбанд. Дар ин навиштаҳо хислатҳои неку ҳамида ва асолату ҳунари устодон Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулчеҳра Сулаймонова, Ҷумъа Одина бо нақлу бозтоби лаҳзаҳои хотирмон аз рӯзгору фаъолияташон баён гардидааст. Аз ҳикояти нависанда маълум мешавад, ки шодравон Мирсаид Миршакар нисбат ба асарҳои тозанашри адибон бетафовут набуда, ҳатман он осорро мутолиа ва нуқтаи назари хешро доир ба ҳусну қубҳашон иброз дошта, ба пешравии адибу адабиёт мусоидат мекардаанд. Шоири сермаҳсул дар хусуси ҳикояи нахустини Баҳром Фирӯз — “Бобо”, ки соли 1970 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст, изҳори ақида намуда, барои минбаъд дар ҷодаи заҳматталаби нависандагӣ ба носири ҷавон барору комёбиҳо таманно мекунанд. Дар эссеи “Дар таҷрибагоҳи адабиёт” Баҳром Фирӯз ҷойгоҳи бузурги устод Фазлиддин Муҳаммадиевро дар адабиёти тоҷик, ба вижа, наср ва истеъдоди нодиру нотакрори нависандаро дар офаридани осори баландғояю пурмуҳтаво, ки дорои консепсияи баланди фалсафию бадеӣ мебошанд, махсус таъкид карда, ҳамзамон, ҳидоятгару маслиҳатгари беминати шоиру нависандагон, аз ҷумла, қаламкашони ҷавон будани ӯро мӯҷиби рушду такомули насри миллии тоҷик медонад. Чунин андешаи Баҳром Фирӯз дар тавсифи симои воқеии шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев сухани тоза ва мушоҳидаи омӯзанда аст:
“Дар адабиёти мо замони баёни содалавҳонаи тавсифомез, ки солҳои пеш дар адабиёти рус онро “инфантальная описательщина” ном карда буданд, имрӯз агарчӣ камравнақ аст, вале давом дорад. Фазлиддин Муҳаммадиев бо осори адабии худ на фақат тамоми он каломи дурӯғиншукӯҳ ва хасакиро инкор карданд ва барои дидани моҳияти аслии осори бадеъ чашми хонандагонро кушодаанд, балки тарзи эҷодкориро низ ба мо омӯхтаанд. Устоди ҳақиқӣ, бемансабу рутбаҳои баланд ҳам устод буданашро Фазлиддин Муҳаммадиев барои мо дар ҳаёт собит карданд”. Дар эссеи “Қатрае аз садафи андеша” Баҳром Фирӯз боз ҳам ба мавзӯи адабиёту ҷойгоҳи соҳибқалам дар он, муҳим будани истеъдоду заҳмат, саррофона аз забони шаҳдрези классикӣ ва мардумӣ истифода намудани адибон, ҳамчун қаламкаш, ки бори адабиётро бар дӯш доранд, соҳибфазилату накукор ва зоҳирану ботинан поку порсо будани ононро дар мадди аввал мегузорад. Шодравон ба он андеша буд, ки адабиёт арсаи беҳунарони ҳаваскор набуда, дар ин росто танҳо истеъдоди фитрӣ, заҳмати ҳамвора, сирату пиндори бузургу шоистаи инсонӣ ва бовару эътиқод ба ормонҳои бошукӯҳи гуманистию миллӣ адибро ба мақсад мерасонад. Ӯ дар ин боб гуфтаи Пушкин “Даҳо ва нобакорӣ ду мафҳуми ба ҳам номувофиқанд”-ро далел бар андешааш меорад. Дар қисмати дуюми китоби “Саҳнаи гардон”, ки очерк ва маводи публитсистии адибро дар бар гирифтаанд, нависандаи дардошно ба сифати публитсисти оташинсухану воқеъбин масоилу мушкилоти мухталифи зиндагии аҳли ҷомеа, хусусан мардуми деҳотро ба риштаи тасвиру таҳлил кашида, роҳу усулҳои аз бунбасти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳо ёфтани ҷомеаро дар авохири солҳои 90-ум ошкорою бепарда ва бо ҷасорату иродати хоси худ нишон медиҳад.
Дар воқеъ, нависандаи соҳибистеъдоду фазилатманди тоҷик Баҳром Фирӯз натанҳо бо асарҳои пурмазмуну баландғояи худ, балки нигоҳи интиқодӣ ба камбудию норасоиҳои зиндагии мардум ва ошкор намудани саҳву иштибоҳоти амалдорони вақт дар адабиёти тоҷик хизмати арзанда ва мондагорро анҷом додааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

нависанда